Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахши дуввуми гузориши Департаменти Давлатӣ



Департаменти Давлатии ИМА

Ҷараёни тафтиши кушторҳои пурсарусадо ва ҳодисаҳои одамрабоӣ дар Тоҷикистон дар соли 2002.

Гузориши департаменти давлатӣ мегуяд, дар зарфи соли 2002 дар Тоҷикистон кушторе бо ҳадафи сирф сиёсӣ сурат нагирифтааст, аммо чандин ҳодисаи қатли худсарона бо ширкати намояндагони ҳукумат мушоҳида шудааст.

Гузориш меафзояд, кам воқеъ шудааст, ки ходимони давлатӣ барои аъмоли ҷиноӣ ба масъулият кашида шаванд, вале дар моҳи ноябр раиси собиқи ноҳияи Шаҳринав бо иттиҳоми ташкили куштори ҳарифи тиҷоратиаш ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Соли гузашта ҳамин гуна чандин нафар дар заминаи ихтилофи сиёсиву иқтисодӣ ва қавмӣ кушта шудаанд. Аз ҷумла, моҳи сентябр бародари раиси як хоҷагии бузурги кишоварзӣ дар ноҳияи Исфара кушта шуд. Ҳизби наҳзати ислом қатли ин узви худро кушиши ба ҳам задани субот дар ноҳияи Исфара номид. Вале то кунун тафтиши ин ҷиноят ба поён нарасидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли гузашта ба хотири дубора фаъол сохтани ҷараёни пажуҳиши кушторҳои пурсарусадои солҳои охир як ниҳоди вижае созмон дод ва дар пай аз фош шудани чанде аз ин ҷиноятҳо хабар расид. Вале нозирони маҳаллӣ ва хориҷӣ мунсифона будани ҷараёни пажуҳиш ва муҳокимаи ин парвандаҳоро зери шубҳа бурда, мегуянд, мақомоти Душанбе бисёре аз афроди муттаҳам дар ин кушторҳои пурсарусадоро ғайриқонунӣ ба зиндон кашида, тариқи шиканҷа ба иқрори гуноҳ маҷбур кардаанд.

Дар моҳи марти соли гузашта додгоҳ муҳокимаи парвандаи куштори муовини пешини вазири умури дохилаи Тоҷикистон Ҳабиб Сангиновро анҷом дод. Департаменти давлатӣ мегуяд, шоҳиди асосии ин парванда дар додгоҳ иқрор шуд, ки таҳти шиканҷа шаҳодати бардуруғ додааст, вале додгоҳ бо ин вуҷуд бар асоси баёноти пешини вай 4 нафарро ба қатл маҳкум кард.

Дар ҳамон моҳи март як нафар бо изни ширкат дар қатли Собирҷон Бегиҷонов, раиси собиқи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳукми эъдом гирифт, вале моҳи ноябр боз 4 нафари дигарро бо ҳамин иттиҳом мавриди муҳокима қарор доданд. Гуфта мешавад, ки онҳо узви як гуруҳи 35-нафарие будаанд, ки аз соли 1994 ба ин ҷониб дар чандин амали куштор дар қаламрави Тоҷикистон даст доштааст.

Моҳи июл як нафар бо иттиҳоми қатли вазири фарҳанг Абдураҳим Раҳимов маҳкум ба эъдом шуд. Як моҳ пештар аз он бародарон Довуд ва Шералӣ Назриевҳо бо изни мушорикат дар амали суиқасд ба ҷони раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев низ ба марг маҳкум шуданд. Ҳукми онҳо дар ҳоле ба иҷро расид, ки Кумиссиюни ҳуқуқи башари Созмони Милал ба таъхир андохтани замони иҷрои онро аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карда буд.

Департаменти давлатӣ бар пояи маълумоти Эмнисти Интенешнал менависад, ки танҳо дар зарфи 6 моҳи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон 29 нафар ғайримунсифона ҳукми қатл гирифтаанд, вале ба руи ҳар навъ маълумот роҷеъ ба иҷрои ҳукми онҳо мақомот муҳри махфӣ задаанд. Гузориш меафзояд, ки соли гузашта чандин ҳодисаи ҳалокати маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон мушоҳида шудааст, вале омори дақиқе дар ин робита мавҷуд нест. Ва ҳам маълум нест, ки оё сабаби ҳалокати онҳо бадрафтории маъмурин буд ва ё шароити бади зиндонҳо, ки саросар бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва тиббӣ рубару мебошанд.

Департаменти давлатӣ мегуяд, то ҳол омилони қатли мушовири аршади раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Карим Юлдошев, хабарнигори ожонсии Ховар Александр Олпатов ва куштори ду пайрави мазҳаби баҳоӣ дар соли 2001 фош нашудаанд. Ҳамчунин натиҷаи тафтишоти амали таркиши бозори шаҳри Душанбе дар моҳи апрели соли 2001, ки мунҷар ба ҳалокати 3 нафар шуд, маълум нест. Ва мақомот инак се сол аст, омилони инфиҷори як автобуси мусофирбар ва ҳалокати 5 нафар дар асари онро низ ошкор накардаанд.

Департаменти давлатӣ мегуяд, дар зарфи соли гузашта чандин нафар дар майдонҳое кушта шудаанд, ки нируҳои давлат ва мухолифин дар даврони ҷанг дар вилояти Қаротегин бидуни харитагузорӣ минакорӣ кардаанд. Гузориш мегуяд, вазорати дифоъи Тоҷикистон дар тули сол 770 мил майдон ва 420 мил роҳро аз мина пок кардааст, вале боз 16 000 мина дар зери хоки ин кишвар боқӣ мемонад.

Департаменти давлатӣ меафзояд, иқдоми Узбакистон барои минакории марзҳояш низ фақат дар зарфи соли гузашта боиси ҳалокати 58 нафар дар марз бо Тоҷикистон шудааст.

Департаменти давлатӣ дар пай ба баррасии аъмоли одамрабоӣ дар Тоҷикистон пардохта мегуяд, дар соли гузашта рабудани мардум умдатан дар заминаҳои иқтисодӣ сурат гирифтааст. Моҳи октябр кумитаи марзбонии Тоҷикистон хабар дод, ки 24 тан аз сокинони манотиқи марзӣ ба далели қарздорӣ аз суи қочоқбарони маводи мухаддир ба шимоли Афғонистон ба гарав бурда шуданд.

Гузориш меафзояд, фишори сиёсӣ, мизони нокифояи назорати давлат бар фаъолиятҳои гуруҳҳои мутахосим ва ноомодагии касбӣ талоши мақомот барои пажуҳиши фарогири ҳодисаҳои ғайб задани мардумро ба зоеъ мебарад.

Департаменти давлатӣ дар ин робита то ҳол бенатиҷа будани ҷараёни тафтишоти ду ҳодисаи одамрабоии се соли пеш -- рабудани хоҳари муовини сарвазири Тоҷикистон Нигина Шарофова ва бе ному нишон ғайб задани раиси ҳукумати як шаҳрро дар вилояти Хатлон мисол овардааст.

XS
SM
MD
LG