Раҳматкарими ДавлатДар ин дидор, вазири мушовир Яҳё Маъруфӣ паём ва даъвати расмии Ҳомиди Карзайро ба Эмомалӣ Раҳмонов супурд.
Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири мушовир дар ҳукумати интиқолии Афғонистон Яҳё Маъруфӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ширкати Тоҷикистон дар идомаи бозсозии Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Яҳё Маъруфӣ вазири мушовир дар умури байналмилалӣ дар ҳукумати Ҳомиди Карзай роҷеъ ба ин мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов гуфт:"Муносибати Тоҷикистон ва Афғонистон муносиботест, ки дар тамоми мушкилоти Афғонистон халал напазируфта. Мо албатта мушикилоти муштараке дорем, мушкили аввалӣ ва асосии мо мушкили муҷодила бо маводи мухаддир аст, ки ҳар дуи ин давлат кӯшиш мекунанд, ки дар ин қисмат ҳамкорӣ кунанд. Қисмати дуввум ин муносиботи иқтисодист, ки албатта ба нафъи ҳар ду кишвари Тоҷикистон ва Афғонистон аст. Афғонистон орзумандаст, ки муносиботи бисёр наздики дустона, хосатан иқтисодӣ бо ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ бо Тоҷикистон дошта бошад."
Дар ин дидор, вазири мушовир дар ҳукумати Афғонистон ҳамчун паём ва даъвати расмии Ҳомиди Карзайро ба Эмомалӣ Раҳмонов ҷиҳати сафари расмӣ ба Кобул супурд. Ба гуфтаи Яҳё Маъруфӣ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ин даъватро пазируфта аст, ва қарор аст сафари Эмомалӣ Раҳмонов ба Кобул дар замони наздик анҷом шавад.
Ҳамчунин муқаддамоти барномаи сафари як ҳайати давлатии Афғонистон ба Тоҷикистон низ мавриди гуфтугӯи тарафайн будааст. Ин ҳайати афғонӣ, ки сафари он ба Душанбе дар мулоқоти телефонии Эмомалӣ Раҳмонов бо Ҳомиди Карзай мувофиқа шуда буд, қарор аст дар рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда ба ҳадафи баррасии масоили иқтисоди вориди Тоҷикистон шавад. Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмонов дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олии кишвар рӯзи ҷумъа таҳкими муносибот бо Афғонистон ва барқарории комили сулҳ дар ин кишварро аз самтҳои аслии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва созгор ба манофеъи Точикистон донист.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон хоса таъкид кард:"Муносибатҳо бо Афғонистони ҳамсоя ба сифати яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мо ҷонибдори сулҳу субот комил ва рушди иқтисодии кишвари ҳамҷавор мебошем. Аз ин рӯ мо тамоми кӯшишҳои мудохиларо ба корҳои дохилии Афғонистон қатъиян маҳкум намуда, мехоҳем, ки раванди сулҳ дар заминаи аз тарафи ҳамаи ҷонибҳои афғонӣ пазируфташуда идома ёбад".
Зарфи панҷ соли ҳукумати Толибон дар Кобул, Тоҷикистон ба таври якҷониба ба нерӯҳои Эътилофи Шимол кӯмакҳои мухталиферо ироа мекард. Вале баъд аз таъсиси ҳукумати интиқолии Афғонистон ин кӯмакҳо акнун ба тадриҷ ҷойи худро ба муносиботи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ иваз мекунад. Тоҷирон ва бозаргонони тоҷику афғон зарфи чанд моҳи ахир аз боз шудани марзҳо барои интиқоли молҳои тиҷоратӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон суди фаровоне ба даст овардаанд. Ҳамчунин корхонаҳои мухталифи тавлидотии Тоҷикистон маҳсулоти мавриди ниёзи сокинони Афғонистонро бо фармоиши созмонҳои кӯмакрасон ва тоҷирони ҷудогона ба Афғонистон содир намудаанд.
Гузашта аз ин, ҳамакнун дар шимоли Афғонистон мутаххасисони зиёди соҳоти беҳдоштӣ, роҳсозӣ ва ҳамлу нақл, кишоварзӣ инчунин сохтмони нерӯгоҳҳо ва интиқоли барқ ва ғайра машғули кор мебошанд. Ба ибораи дигар соҳибкорон ва бозаргонони Тоҷикистон талош доранд ҳадди аққал дар бозорҳои шимоли Афғонистон ҳузури худро таҳким бахшанд.
Ин бозори азхуднашуда ҳукумати Тоҷикистонро барои густариши муносиботи тиҷоратӣ ва иқтисодиву сиёсӣ бо Афғонистон дилгарм сохтааст.
Аммо тоҷирони ду ҷониб ҳамоно аз гаронии тарифаҳои гумрукии ҷониби Тоҷикистон ва муқаррароти сангини убуру мурур аз марз шикоят доранд. Марзе, ки ҳифозати онро сарбозони рус бар ӯҳда доранд.