Сафаргул Олимӣ
Рӯзи 2-апрел дар корхонаи Тоҷиктекстилмаши шаҳри Душанбе дар ҳузури мақомоти қудратӣ 330 килограмм маводи мухаддир ба оташ андохта шуд, ки беш аз 140 килои онро ҳероин ташкил медод.
Ба иттиллои Файзулло Гадоев - сардори раёсати мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорати умури дохила ба хабарнигорон гуфт, вобаста ба ин миқдори маводи мусодирашуда 198 парвандаи ҷиноӣ боз гардида, 98 тан аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки гуфта мешавад, аксари онҳо табааи Афғонистон будаанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи сешанбе 1-уми апрел дар натиҷаи як амалиёти муштараки Оҷонсии мубориза бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва Гурӯҳи марзбонии Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз як пинҳонгоҳи қочоқчиён ҳудуди 60 кило ҳероин кашф ва мусодира гардид.