Ҷалолиддини ФарҳодӣРаёсати ин ҳизб тасмим гирифт, коммунистонеро, ки ба ҳизби ҳоким пайвастаанд, аз сафаш берун кунад.
Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) тасмим гирифт, нафаронеро, ки дар ҳамзамон шомили ду ҳизб буданд, аз суфуфи худ хориҷ кунад. Дар ҳамин маврид, бахши минтақавии ҲКТ дар минтақаи Кӯлоб се тан аз коммунистони мансабдорро аз сафи ҳизб ронд.
Ба иттилои раёсати ҳизб, Толиб Нозимов - раиси идораи маорифи шаҳр, Ҳуронбӣ Восиева - муовини раиси ҳукумати Кӯлоб ва Шокир Зокиров- сарвари кумитаи ҳифзи табиат дар ҳоле ки расман аз ҲКТ набаромадаанд, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) шудаанд. Туйғун Каримов - муовини раиси ҲКТ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, поккории сафҳои коммунистон дар минтақаҳо шуруъ шудааст.
Ва аммо Абдумаҷид Достиев, муовини раиси ҲХДТ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иттиҳоми коммунистонро, ки марксистон гӯё иҷборан шомили ҳизби ҳоким мешаванд, рад карда гуфт, агар ба ду ҳизб муталлиқ будани аъзои ҳизби ҳоким расман таъйид гардад, онҳо аз ҲХДТ низ ронда мешаванд. Абдумаҷид Достиев афзуд:"Дар ин ҷо на айби Ҳизби Коммунист аст, на айби Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон. Ин айби дурӯягии худи ҳамон одам, ки гуфти ибораҳои даври шӯравӣ "дупагондор", агар инҳо бошанд, ин айби ҳамин афрод аст, на айби аҳзоб. Чунин афрод яке аз меъёрҳои асосии ҳизби моро вайрон мекунанд ва бояд аз ҳизб ронда шаванд"
Муовини раиси ҲХДТ меафзояд, коммунистон ихтиёран ба ҳизби онҳо шомил мешаванд. Ҷаноби Достиев меафзояд, коммунистон бо айбдор кардани ҲХДТ мехоҳанд, нуқсонҳои дар кори тарбиявии ҳизбӣ ҷой доштаро пинҳон кунанд. Абдумаҷид Достиев ҳамчунин гуфт, ба унвони мисол аъзои Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ва ё Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба ҲХДТ шомил нашудаанд. Аммо даҳҳо ҳазор нафар коммунист сафи ҳизби худро тарк кардаанд:"Ҳар қадар Ҳизби Коммунист мегӯяд мо хубем, мо хубем, мо хубем, аммо беҳтарин аъзои он ба дигар ҷо мегузарад, бояд коммунистҳо фикр кунанд, ки чаро аъзои фаъоли онҳо ба дигар ҳизб мегузарад."
Ин барои нахустин бор нест, ки коммунистони вилояти Хатлон ба истилоҳ афроди "оппортунист"-ро аз ҳизб меронанд. Тӯли ду соли ахир Амиршо Миралиев - раиси ҳукумати вилоят барои иваз кардани акси Ленин дар рӯи бинои ҳукумати марказӣ ба акси Раҳмонов аз ҳизб хориҷ гардид.
Ҳамзамон коммунистон дарҳои ҳизби худро ба рӯи Сафар Сафаров - сафири Тоҷикистон дар Русия ва Раҳмоналӣ Амиров - собиқ раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб бастанд.