Саидқосими ҚиёмпурРаиси ин иттиҳод бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот ва аз нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвар ибрози нигаронӣ кард.
"Иттиҳоди Аврупо интиқоли кумакҳои башарӣ ба Тоҷикистонро идома медиҳад ва ҳамзамон ба ёриҳое рӯ меоварад, ки ба рушди ин кишвари Осиёи Марказӣ мусоидат намоянд." Ин матлабро Романо Продӣ - раиси Комиссияи Аврупо ба думболи мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов баён дошт.
Ҷаноби Продӣ афзуд, Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби барномаи ТАСИС ҳамасола ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маблағи 50 миллион евро кӯмаки техникӣ мерасонад. Айни ҳол Романо Продӣ изҳор намуд, ки кӯмаки Иттиҳоди Аврупо фақат дар ҳоле самар хоҳад дод, ки Тоҷикистон ба ислоҳоти босамари замин ва хусусигардонӣ меш барад.
Дар мулоқоти раиси Комиссияи Аврупо ва сарвари Тоҷикистон ҳамчунин мавзӯи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухадири Афғонистон аз тариқи Осиёи Марказӣ ба Аврупо баррасӣ шуд. Ҷаноби Продӣ аз талошҳои Тоҷикистон дар ин самт ситоиш кард.
Вай гуфт:"Ман аз ҳамкориҳоямон дар ростои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухадир қаноатмандам. Қочоқи маводи муххадир ҳарчӣ бештар моро нигарон мекунад, зеро он ҳамарӯза афзоиш меёбад."
Ҷаноби Продӣ афзуд, Иттиҳоди Аврупо ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши қочоқи маводи мухадир барномаеро тарҳрезӣ кардааст, вале резакориҳои он ҳанӯз муайян нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳоди Аврупо аз он нигарон аст, ки баъди оғози амалиёти зиддидаҳшатафканӣ дар Афғонистон, ба вижа дар манотиқи берун аз назорати ҳукумати марказӣ, парвариш ва истеҳсоли маводи нашъадор афзоиш ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмонов изҳор намуд, ҳалли ин мушкил дар танҳоӣ мушкил аст ва аз ин рӯ мебояд як эътилофи ҷаҳонии зидди маводи мухадир таъсис дод. Ӯ афзуд:"Ҳаҷми маводи нашъадори дар марзи байни Афғонистон ва Тоҷикистон мусодирашуда афзоиш ёфтааст. Тибқи омори Созмони Милал, Тоҷикистон аз ҷиҳати мусодираи маводи мухадир дар ҷаҳон дар ҷойи чаҳорум ва дар байни кишварҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ дар зинаи аввал қарор дорад."
Романо Продӣ, аз аз гомҳои Тоҷикистон дар роҳи озодии матбуот, аз ҷумла, иҷозаи пахши барномаҳои радиёҳои мустақил дар кишвар истиқбол кард, аммо ҳамзамон нигарониашро аз помолшавии ҳуқуқи инсон ва аҳзоби сиёсии мухолиф изҳор кард. Ӯ таъқибу фишор болои ходимони дин ва мушкилоти сабти номи аҳзоби навтаъсисро ёдрас намуд. Ҷаноби Продӣ афзоиши ҳукми қатл ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳои муваққатии Тоҷикистонро низ интиқод кард.
Раиси Комиссияи Аврупо тавсия дод, ки мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ислоҳоти Қонуни асосӣ бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо машварат кунанд ва меъёрҳои онро зимни ислоҳ ба назар бигиранд.
Эмомалӣ Раҳмонов зимни сафари расмияш ба Белгия ва Олмон бо шоҳи Белгия Алберти 2 ва дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ "НАТО" Ҷорҷ Робертсон низ мулоқот дошт.
Бегоҳи чаҳоршанбе, 26 март баъди дидору гуфтугӯ бо раиси парламенти Аврупо Пет Кокс ва сиёсатгузори хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ховйер Солана, раисиҷумҳури Тоҷикистон вориди Олмон шуд.