Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Олмон ва Белжик



Абдуқаюми Қаюмзод

Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷараёни боздидаш бо раҳбарони ин кишварҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба, авзои Осиёи Марказӣ ва ҷанг дар Ироқро баррасӣ мекунад.

Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 25-уми март сафари расмии худ ба ду кишварҳои аврупоии Белжик ва Олмонро шурӯъ кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов тайи ин сафари чаҳоррӯза, ки ду рӯзи онро дар Белжик ба сар хоҳад бурд бо шоҳи ин кишвар Алберти 2, раиси парлумони аврупо Пет Кокс, раиси Паймони Атлантики Шимолӣ "НАТО" Ҷорҷ Робертсон ва Ҳавйер Солана - масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дидору гуфтугӯҳо анҷом медиҳад.

Салоҳиддин Насриддинов - муовини аввали вазири хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар ин мулоқотҳо дар баробари баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни кишварҳои Белжику Тоҷикистон, ҳамчунин мавзӯоти байналмилалӣ ва авзои ҷаҳон баррасӣ мешаванд. Ҷаноби Насриддинов ҳамчунин гуфт, дар чаҳорчӯби сафари Олмон президент Раҳмонов бо президенти ин кишвар Йоҳаннес Рау ва садри аъзами он Герҳард Шрёдер мулоқотҳо доир мекунад ва интизор меравад дар ҷараёни ин сафар чанд санад дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо бирасад.

Салоҳиддин Насридинов изофа кард:"Дар ҷараёни ин сафар як қатор созишномаҳои дуҷониба ба имзо мерасанд, ки инҳо эъломияи муштарак дар бораи муносибатҳо ва ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Олмон, ҳамчунин созишномаи ду кишвар дар бораи ҳамкориҳои техникӣ мебошанд. Инчунин имзои аҳднома дар бораи ҳимояи муштараки маблағгузориҳо, созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва ҳамчунин созишнома дар бораи алоқаи ҳавоии байни ду кишвар дар назар аст."

Коршиносон мегӯянд, Олмон дар рушди иқтисоди Тоҷикистон чӣ дар даврони низоъҳои мусаллаҳона ва чӣ баъди истиқрори сулҳи кишвар дар муқоиса бо кишварҳои дигари узви Иттиҳодияи Аврупо нақши бештаре доштааст.

Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири хориҷа гуфт, дар ҳайати давлатии Тоҷикистон ҳамчунин тоҷирон ва бонкирҳо низ шомиланд ва онҳо ҳадаф доранд бо намояндагони бонкҳо ва ширкатҳои алоҳидаи олмонӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳамкории дуҷониба музокирот анҷом диҳанд.

Ба назари коршиносон, Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳури Тоҷикистон бо истифода аз имконе, ки ба хотири ширкаташ дар Эътилофи зиддитеррористӣ барояш даст додааст, силсилаи сафарҳои худ ба кишварҳои Аврупоро анҷом медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмонов ба хотири амалисозии ислоҳоти Қонуни Асосӣ, ки имкони ширкаташро дар даври дигари интихобот мумкин месозад, мавриди тавҷҷӯҳи созмонҳо ва кишварҳои аврупоӣ қарор гирифтааст. Аммо ба назари таҳлилгарон баъид ба назар мерасад, ки Раҳмонов дар амри ислоҳоти Қонуни Асосӣ он ҳам умдатан ба қасди тамдиди даври раёсати ҷумҳуриаш пуштибонии кишварҳои аврупоиро ба даст биёрад.

XS
SM
MD
LG