Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани 12-уми Иттиҳодияи Адибони Тоҷикистон баргузор шуд



Раҳматкарими Давлат

Дар баробари баррасии бурду бохти шашсолаи адабиёт, адибони тоҷик дромнавис Меҳмон Бахтиро раиси Иттиҳодияи Нависандагон баргузиданд.



Анҷумани дувоздаҳуми Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон бо паёми Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии ин кишвар оғоз шуд ва ба баррасии фаъолияти панҷсолаи ин созмон пардохт.

Аскар Ҳаким - раиси Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон зимни гузориши муфассале аз бурду бохт, пешрафт ва мушкилоти адабиёти муосир ва созмони нависандагон зарфи шаш соли охир сӯҳбат намуд.

Ӯ аз ҷумла гуфт, дар адабиёт падидаҳои умедбахш тӯли солиёни охир зуҳур намуданд, ки бо сабку услуби хос эҷод мекунанд. Аммо дар айни ҳол тӯли ин замон афроде низ ба узвияти созмони адибон пазируфта шудаанд, ки намунаи эҷодашон ҷавобгӯи меъёрҳои адабиёт намебошад.

Адибони тоҷик ба ин назаранд, ки ҷанги ҳамватанӣ на танҳо ба иҷтимоиёту иқтисодиёт зарар ворид намудааст, балки монеъи пешрафти адабиёт низ гаштааст.

Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон аз замони таъсисшавиаш то соли 1990, яъне тӯли бештар аз панҷ даҳсола танхо 106 узв доштааст, аммо дар зарфи даҳ соли охир теъдоди аъзои он ба 306 нафар расидааст.

Созмони нависандагон дар замони шӯравӣ бонуфузтарин иттиҳодияи эҷодӣ маҳсуб мешуд ва Мирзо Турсунзода - раиси вақти Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон дар саросари шӯравии собиқ як шахсияти матраҳтар аз вазирони ҳукумат ва ҳатто роҳбарони аввали Ҳизби Каммунист буд. Ба он далел ки хукумат бо ҷамъ овардани адибон дар як созмон ба хотири тарғиби ақидахои коммунистӣ ва ҷалб доштани афкори умумӣ аз онхо истифода мекард.

Аммо акнун ба ақидаи бархе шоирон, ин созмон дигар ба дарди адибон намехӯрад. Гулрухсор Сафиева аз шоирони саршиноси Тоҷикистон ва шӯравии собиқ, ки ҳанӯз дар бистсолагиаш ба узвияти Иттиҳодияи Нависандагон пазируфта шуда буд, мегӯяд, ин дигар як созмони беаҳамият шудааст ва дар равнақу ривоҷи адабиёт ҳеҷ саҳме надорад.

Хонум Гулрухсор мегуяд:"Ин иттиҳодия зиёдатӣ аст, ин иттиҳодия бачаи Иттиҳоди Шӯравӣ буд, дар тамоми давлатҳои муштаракулманофеъ Иттиҳодияи Нависандаҳо вуҷуд надорад. Азбаски мамлакати мо ҳам як зарра Иттиҳоди Шӯравӣ аст, "Микросоветский Союз" аст, барои ҳамин ҳамаи сохторҳо, сохторҳои пештара аст, бидуни фабрикаву завод ва ин Иттиҳоди Нависандагон ҳам ба дарди ҳеҷ кас намерасад ва зарурат ҳам надорад. Ин ҷоро ҳатто метавонем, ҷамъияти бознишастаҳо эълон кунем, чунки то 35 солагӣ ҳамагӣ ду нафар аъзо дорад, дигар он тараф ҳама аз 60 гузаштаанд."

Аммо шоири дигари тоҷик Мӯъмин Қаноат, ки 15 сол раиси Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон будааст, мегӯяд Иттиҳодияи Нависандагон агарчанд ба ин шакл дар ҳеҷ кишвари дигари олам вуҷуд надорад, аммо бо тағйир додани шаклу усули кораш бояд дар Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад.

У мегӯяд:"Аз рӯи суннате, ки мо дорем, анъанае, ки мо дорем, як марказ, як қадамҷой бояд вуҷуд дошта бошад. Дар тӯли таърих вуҷуд дошт ва барои мо як чизи ногузир аст, як сабабаш ҳамин аст. Ин дастгоҳ бояд ҳамеша бошад ва қавитар аз он ки ҳоло ҳаст."

Мӯъмин Қаноат мегӯяд, яке аз самтҳои фаъолияти раёсати нави созмони нависандагон бояд ҳамоҳанг сохтан ва ба дараҷаи шеъри умумифорсӣ расонидани шеъри муосири тоҷик аст. У мегӯяд, феълан талошҳо барои эҷоди як диди умумӣ дар шеъри форсӣ ҷараён дорад ва созмони нависандагон бояд ба ин раванд мусоидат намояд.

Мӯъмин Қаноат дар сурати иҷрои ин барномаҳо рисолати Иттиҳодияи Нависандагонро анҷомшуда меҳисобад:"Имрӯз ҳам ҳамоҳангӣ дар шеъри мо вуҷуд надорад, ҳам аз назари назария ва ҳам аз назари ҳунари шеърӣ, ҳам аз назари тасвир ва ҳам аз назари консепсия. Онҳое ки дар Афғонистон бо забони дарӣ шеър мегӯянд, аз мо тафовуте доранд, онҳое ки дар Эрони имрӯза шеър мегӯянд, диди онҳо дигар аст, консепсияи шинохти ҷаҳон, диди ҷаҳон дигаргунатар аст. Билониҳоят сабкҳову усулҳо гуногун бояд бошанд, валекин забони шеър, маърифати шеър бояд ки дар як поя бошад."

Масъалаи дигари ин анҷуман, баргузории интихоби раёсат ва раиси нави Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон буд. Анҷумани нависандагони Тоҷикистон ҳамеша як маъракаи пурсарусадотар аз анҷумани аҳзоби сиёсӣ будааст.

Худи адибон мегӯянд, ҳукуматҳои замон дар интихоби раиси нави Иттиҳодияи Нависандагон ҳамеша мудохила кардаанд. Қаҳҳор Маҳкамов ба ҷои Мӯъмин Қаноат, Аскар Ҳакимро дар соли 1991 раиси Иттиҳодияи Нависандагон сохт ва дар соли 1997 низ Эмомалӣ Раҳмонов аз Аскар Ҳаким дар баробари номзадии Лоиқ Шералӣ пуштибонӣ кард.

Аммо акнун маҳофили адибони тоҷик мегӯянд, Аскар Ҳаким дигар мавриди писанди ҳокимон нест ва Меҳмон Бахтӣ драмнависи тоҷик, ки бо ҳукумат равобити наздик дорад, раиси иттиҳодия пазируфта хоҳад шуд. Ва чунин ҳам шуд, аз миёни довталабони курсии раёсати Иттиҳодияи Нависандагон, Гулназар Келдӣ, Сафармуҳаммад Аюбӣ ва Меҳмон Бахтӣ анҷумани адибон ин навбат шоири дромнавис Меҳмон Бахтиро раиси нав баргузид.

Вале дар беруни анҷуман, дар зери риштаборони баҳорӣ шоири хаёлии хиёбонҳои Душанбе Абдулло Дӯсти Хоксориро мебинам, ки ба анҷуман роҳ наёфтаааст, вале пораи шеъреро, ки замзама мекард, баёнгари вазъи аксари адибон аст:

"Ҳолу аҳволам бадасту қаҳрамонӣ мекунам, Ман фақат аз ноилоҷӣ зиндагонӣ мекунам."

XS
SM
MD
LG