Мирзои Салимпур
Маъмурони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рузи гузашта дар шаҳри Душанбе ду нафарро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир кардаанд. Ҳангоми боздошт аз дохили мошини сабукрави онҳо 15 кило ҳероин ёфт ва мусодира шудааст.
Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли масъулони идораи вазорати дохила дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир менависад, қочоқбарон мехостанд ин миқдори бузурги ҳероинро барои фуруш ба Русия бубаранд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон амалиёти густардаеро алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир ба роҳ гузошта, дар ҷараёни он танҳо дар зарфи се ҳафтаи гузашта 15 қочоқбар боздошт ва аз онҳо ҳудуди 600 кило ҳероин мусодира шудааст.