Мирзои Салимпур
Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳафтаи оянда ба Ҷопон сафар хоҳад кард. Ҳадафи аслии сафари у ширкат дар Анҷумани Ҷаҳонии Об аст, вале ҳамзамон дидор ва гуфтугуҳои у бо раҳбарияти Ҷопон, аз ҷумла бо сарвазири ин кишвар Дзонитиро Коидзуми низ дар назар гирифта шудааст.
Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли Кендзо Хироки, муовини раиси котиботи Анҷумани Ҷаҳонии Об, менависад, ки оқои Раҳмонов дар таърихи 18-уми март дар ин анҷуман маъруза хоҳад кард.
Анҷумани Ҷаҳонии Об аз 16 то 23 моҳи март дар шаҳрҳои Киотову Осака ва Отсуи Ҷопон баргузор мешавад. Дар ин анҷуман беш аз 10 000 нафар, бо шумули раҳбарони аввали чанд кишвар ва 150 вазир иштирок хоҳанд кард. Аммо буҳрони Ироқ боиси аз ширкат дар ин форуми ҷаҳонӣ даст кашидани бархе аз шахсиятҳои сиёсӣ, аз ҷумла раисиҷумҳури Фаронса Жак Ширак шудааст.