Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ярмаркаи ҷойҳои кор дар шаҳри Хуҷанд



Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Дар ин ярмарка тақрибан 2000 ҷойи кор, вале бо маоши ҳамагӣ то 30 сомонӣ ба мардум пешниҳод шудааст.



Нахустин ярмаркаи ҷойҳои кор ва маъракаи алайҳи нашъмандӣ, ки субҳи 5-уми март дар маркази шаҳри Хуҷанд доир шуд, бештар ба намоиши идонаи консертӣ шабоҳат дошт. Дар ҷараёни ярмарка дар саҳна овозхонҳои ҳаваскор ҳунарнамоӣ мекарданд ва чунин ба назар мерасид, ки аксари ҳозирин ба тамошои консерти онҳо ҷамъ шудаанд.

Дар ин ярмарка корхонаву муассиаҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳру навоҳии атрофи он барои мардуми бекор, ки аксаран ҷавононанд, тақрибан 2000 ҷойи кор пешниҳод карданд. Вале довталабони ин ҷойҳои пешниҳодшуда барои кор хеле кам буд. Ҳадди аксари ҳозирини ярмаркаро хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ташкил медоданд, ки бо дастури муаллимин ба ин ҷо омадаанд.

Нафаре аз ҷавонони хуҷандӣ, ки ба хотири дарёфти ҷойи кори доимӣ ба ярмарка омадааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, маоши пешниҳодии корхонаҳо тақрибан 30 сомонӣ ва ё 10 доллар буда, касеро қаноат дода наметавонад ва, аз ин ру, у дар ҷараёни ярмарка натавонистааст барои худ ҷойи муносиби кор пайдо кунад. Вай афзуд:

"Маош бояд барои зиндагӣ ва хурдану пушидан кифоят кунад. Дар ин ҷо асосан аз 10 то 30 сомонӣ маоши моҳона пешниҳод мекунанд. Ақалан моҳе 50 ё 60 сомонӣ мегуфтанд, ман розӣ мешудам."

Аз нигоҳи яке дигар аз ҳозирин, баргузории чунин як маросим дар вилояти Суғд бештар хусусияти намоишӣ дорад. Вай мегуяд:

"Чӣ даркор буд овора карда, дар ин ҷо ҷамъ овардани мардум? Ман худам ҷойи кор дорам, вале корхонаи мо ду моҳ кор кунад, се моҳи дигар таътил мегирад. Шавҳари ман панҷ сол ба ин тараф кор намекунад. Ба ҳар корхонае, ки рафтем, мегуянд, ки кор нест. Эълон мекунанд, ки равед, аммо вақте меравед, кор нест..."

Вале дар байни он корҷуёне, ки бо умед ба ярмаркаи нахустин омаданд, нафарони хушбахте ҳам буданд, ки аз ин ҷо барои худ ҷойи кори доимӣ пайдо карданд.

Ба гуфтаи Убайдуллоҳ Рашидов, муовини раиси маркази шуғли аҳолии вилояти Суғд, танҳо дар зарфи соли гузашта тақрибан 2000 нафар аз аҳолии ин вилоят тавассути 80 ярмарка соҳиби ҷойи кор шудаанд. У мегуяд, айни чунин ярмаркаҳоро ҳар моҳ дар шаҳру навоҳии дигари вилояти Суғд низ баргузор хоҳанд кард. Убайдуллоҳ Рашидов афзуд, бо ин вуҷуд мизони бекорӣ дар вилояти Суғд бузург боқӣ мондааст:

"Соли гузашта дар вилоят зиёда аз 4000 бекор ба қайд гирифта шуд. Ба таври умумӣ, шумораи расмии бекорон дар вилояти Суғд бо назардошти ду моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 30 000 нафарро ташкил медиҳад."

Аммо ба ақидаи коршиносон, шумораи бекорон дар вилоят аз ин арқоми расмӣ ба маротиб бештар буда, бахши аъзами онҳо аз идороти давлатии пешниҳодкунандаи ҷойи кор ва дарёфти ҷубронпулии ночизи давлат умеди худро канда, ва ризқу рузии худро умдатан аз Русияву кишварҳои дигар ҷустуҷу мекунанд.

XS
SM
MD
LG