Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА идораҳои андозситонии Тоҷикистонро бо компутар муҷаҳҳаз мекунад



Мирзонабии Холиқзод

Дар ин робита байни ду кишвар як ёддошти тафоҳум имзо шудааст.



Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди татбиқи барномаи таъмини идораҳои давлатии Тоҷикистон бо компутар рузи 27-уми феврал бо ҳукумати ин кишвар як ёддошти тафоҳум ба имзо расонид.

Зери ин санад аз номи ҳукумати Амрико сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Франклин Ҳадл ва аз ҷониби Тоҷикистон вазири даромад ва пардохти давлатӣ Ғуломҷон Бобоев имзо гузоштанд.

Ғуломҷон Бобоев зимни ин бо ташаккур аз ҳукумати Амрико гуфт, ба роҳ мондани системаи компутарӣ дар коргузории вазорати пардохт ва даромад имкон медиҳад муносибати байни андоздиҳандагон ва андозситонҳо беҳтар ва осонтар гардад:

"Воқеан ин имкон медиҳад, ки ҷамъоварии андоз саҳл гашта, коргузорӣ ва назорати ниҳодҳои андози кишвар бар фаъолияти корхонаҳо ва идораҳое, ки аз давлат бо ҳаҷми бузург қарздоранд, беҳтар гардад ва пардохти қарз аз ҷониби корхонаҳо зудтар анҷом гирад."

Ҳамин тавр, бар асоси ин барнома системаи андози Тоҷикистон бо низоми компутарӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.

Сафири Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Франклин Ҳадл гуфт, ин иқдом аз тариқи Ожонсии Байнулмилалии Рушди Амрико- ЮСАИД - татбиқ хоҳад шуд.

Оқои Ҳадл афзуд: "Бо компутарҳо муҷаҳҳаз сохтани соҳаи андоз имкон медиҳад коргузории маъмурӣ ба низом ояд ва мардум аз қонуни андоз озодона риоя кунанд. Ин дар роҳи ҷамъоварии андоз ва барои бештар ба буҷа ворид шудани пул мусоидат мекунад."

Оқои Ҳадл гуфт, кишварҳои хориҷӣ дар мавриди сармоягузорӣ ва густариши тиҷорат дар Тоҷикистон аз масъалаи андоз андеша мекунанд ва акнун ин барнома шароите фароҳам меорад, ки соҳаи тиҷорат рушд кунад ва ҷои кор низ бештар пайдо шавад.

Дипломати амрикоӣ татбиқи ин барномаро яке аз қадамҳои бунёдӣ дар роҳи ҳамкории Амрикову Тоҷикистон номид.

Аммо дар маросими ошной бо барномаи таҷҳизи компутарии вазорати даромаду пардохти давлатии Тоҷикистон дар мавриди маблағи барнома ва муҳлати табиқи он иттилоъе дода нашуд.

Ин санад дар ҳоле ба имзо расид, ки вазорати даромад ва пардохти Тоҷикистон барои баррасии Қонунгузории ҷорӣ дар риштаи андоз як комиссияи корй таъсис додааст. Ҳадаф аз таъсис ва фаъолияти комиссияи мазкур баррасии тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва таҳияи як қонуне мебошад, ки ҷавобгуи талаботи байнулмилалӣ бошад.



XS
SM
MD
LG