Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Русия ду шаҳрванди тоҷикро бо дархости Тоҷикистон дастгир кард



Нурмуҳаммади Холзода



Полиси Новосибирск ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми аъмоли террористӣ алайҳи низомиёни Русия дар Тоҷикистон боздошт кардааст. Сухангуи полиси ин шаҳр Наталия Зубрина ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ин ду нафар шомили гуруҳи тундрав ва мавриди таъқиби маъмурони интизомии Тоҷикистон буданд ва бо дархости мақомоти ин кишвар дастгир шуданд.

Ин афрод ба гуфтаи Наталия Зубрина дар бозори шаҳри Новосибирск ҳаммолӣ мекарданд ва дар Русия ҷинояте накардаанд. Замони истирдоди гумонбарон дар терроризм ба Тоҷикистон маълум нест.

Дар оғози моҳи феврал, маъмурони интизомии Новосибирск як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қатли афсарони Русия ва раҳбари як ноҳияи вилояти Суғд боздошт карда буданд.



XS
SM
MD
LG