Тоҳири Сафар
Раҳбари идораи мубориза бо ҷиноятҳои мутташаккилонаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Маҳмад Мирзоев гуфт, доманаи фаъолияти созмони ифротии "Ҳизб-ут-таҳрир" дар Осиёи марказӣ густариш меёбад.
Хабаргузории Азия Плюс аз қавли мансабдори тоҷик навиштааст, боздошти мунтазами аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир" дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, далели афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои махфии ин созмон аст. Танҳо дар моҳи январ маъмурони интизомӣ, дар Тоҷикистон 6 узви "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро дастгир намуда, аз онҳо 145 китоб ва ҳудуди 1000 адад варақаҳои тарғиботӣ мусодира кардаанд.
Дар соли гузашта, ба гуфтаи Маҳмад Мирзоев, 17 фаъоли "Ҳизб-ут-таҳрир", ки ҳадафи ташкили хилофат дар Осиёи Марказиро дорад, дар Тоҷикистон боздошт ва ба зиндон андохта шуданд.
Масъули вазорати умури дохила афзудааст, аз соли 1999 то кунун, аъзои ин созмон дар Тоҷикистон 72 ҷинояти вазнин аз ҷумла одамрабоӣ кардаанд.