Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон барои созмонҳои мухталифи Тоҷикистон 670 ҳазор доллар ихтисос дод



Раҳматкарими Давлат



Ҳукумати Ҷопон барои таъмири макотиб ва муассисоти беҳдоштӣ дар Тоҷикистон, ҳудуди 670 ҳазор доллар кӯмаки билоиваз ихтисос додааст. Сафири муваққати Япония дар Тоҷикистон, Коичӣ Миёшӣ, рӯзи чоршанбе, 12 фервал дар маросими супурдани ин кӯмакҳо ба ташкилотҳо ва созмонҳои ниёзманд гуфт, ин иқдом дар чаҳорчӯби барномаи кӯмаки инсондустонаи ҳукумати кишвараш барои бозсозии Тоҷикистон сурат мегирад. Аз ҷумла, таввасути ин маблағ бояд тармими бунёдии ду таввалудхонаи асосии шаҳри Душанбе ва чанд мактаб дар навоҳии Рашт ва Ленин анҷом шавад. Оғои Миёшӣ сафири муваққати Япония дар Душанбе, ҳамчунин гуфт, чанд барномаи дигари ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ҳоли омӯзиш қарор дорад ва қарор аст, кӯмакҳои Ҷопон дар заминаи иҷрои барномаи омузишу парвариш ва беҳдоштӣ идома пайдо намояд.

Ҳукумати Ҷопон аз як соли пеш то кунун, аз замони ифтитоҳи сафорати ин кишвар дар Душанбе, 49 барномаи созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро дар Тоҷикистон, дар заминаҳои иҷтимоӣ ва маърифатӣ сармоягузорӣ намудааст.

Таввасути ин барномаҳо, ба гуфтаи сафири Ҷопон дар Душанбе 20 мактаб ва 6 беморхона таъмир ва таҷҳизонида шудаааст. Ҳаҷми ёриҳои билоивази Ҷопон ба Тоҷикистон дар ин муддат бештар аз 2 миллион долларро ташкил додааст.



XS
SM
MD
LG