Тоҳири Сафар
Роберт Кристиансен - намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул, рузи 7 феврал дар шаҳри Душанбе гуфт, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2002-ум беш аз 3 фоиз ё 31 миллион доллар коҳиш ёфта, ба 985 миллион доллар расидааст. Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс", Роберт Кристиансен гуфтааст, соли 2001-ум қарзи хориҷии Тоҷикистон 1 миллиарду 16 миллионро ташкил медод, ки баробар ба 98 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар буд.
Намояндаи хазинаи ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли гузашта ситоиш карда, гуфт, дар ин сол маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 9 фоиз афзудааст. Аммо ҳамзамон нигаронии худро аз он изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта ба болоравии беш аз муқарароти инфлятсия роҳ дод, ки соли равон низ ба иқтисоди кишвар асари манфӣ хоҳад гузошт. Роберт Кристиансен бо назардошти ин аз ҳукумати Тоҷикистон, Бонки Миллӣ хостааст, баҳри ҷилавгирӣ аз афзоиши инфлятсия саъйи бештар кунанд.