Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмонҳои экологӣ хостори барчидани минаҳо аз марзи Тоҷикистону Узбакистон шуданд



Тоҳири Сафар



Як идда аз созмонҳои экологии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳукумати ин кишвар барои ҳифзи амнияти шаҳрвандони худ ва ҷилавгирӣ аз марги онҳо дар майдонҳои майдонҳои минакоршудаи марзи Тоҷикистону Узбакистон талоши кофӣ намекунад. Бинобар ин созмонҳои мазкур, аз ҳукумати Тоҷикистон ва Узбакистон тақозо кардаанд, ки барои пешгирӣ аз марги инсонҳо дар мавзеъҳои минакоришудаи марзи ду кишвар иқдомоти ҷиддӣ руи даст бигиранд. Хабаргузории Азия Плюс иттилоъ медиҳад, бо ин мазмун як нома, ки зери он 31 созмони экологӣ имзо гузоштаанд ба ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Узбакистон дар Душанбе фиристода шудааст.

Дар ин нома омадааст, ки ҳар моҳ қурбониёни таркиши минаҳо зиёд мешавад, ва то кунун онҳое ҷон бохтаанд, ки ё меҳмонӣ мерафтанд, ё ҳезум ҷамъ мекарданд. Бинобар иттилои расмӣ то кунун аз ин силоҳи марговар дар марзи Тоҷикистону Узбакистон беш 60 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG