Мирзои Салимпур
Ходимони идораи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар умури мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, аз як кушиши ба хориҷи кишвар интиқол додани беш аз 1 кило ҳероин пешгирӣ карданд.
Файзуллоҳ Гадоев, раиси ин идора ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, як шаҳрванди тоҷик бо ин миқдори маводи мухаддир ҳангоми хориҷ шуданаш аз шаҳри Душанбе дастгир шуд.
Оқои Гадоев ҳамчунин хабар дод, ки маъмурони вазорати умури дохила танҳо дар рузи сешанбе, 7 январ, дар пойтахти Тоҷикистон, се қочоқбари маводи мухаддирро бо 2 кило ҳероин боздошт карданд.
Дар айни ҳол, гуруҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон мегуяд, фақат дар рузи 7 январ, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, 5 марзшикан дастгир шудааст. Марзбонони рус ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар минтақаи сарҳадии Хоруғ ва се шаҳрванди афғонро дар минтақаи марзии Маскав ҳангоми убури марз дастгир кардаанд. Аммо дар мавриди иртиботи афроди марзшикан бо гуруҳҳои қочоқбари маводи мухаддир гузорише нарасидааст.