Мирзои Салимпур
Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рузи сешанбе пешниҳод кард, ки асомии аз даврони шуравӣ бамеросбурдаи бархе аз навоҳии Тоҷикистон ба номи чеҳраҳои ангуштнамои таърих ва фарҳанги миллӣ гузошта шаванд.
Аз ҷумла оқои Раҳмонов пешниҳод кард, ки ноҳияи Совет ба исми Темурмалик, ноҳияи Ленин ба номи Абу Абдуллоҳи Рудакӣ, ноҳияи Марказии пойтахт, шаҳри Душанбе --Фирдавсӣ ва ноҳияи Фрунзеи пойтахт--Абуалии Сино номгузорӣ шаванд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин хостори Ваҳдат ва ё Ваҳдатобод номидани ноҳияи Кофарниҳон ва Нуробод ном додани ноҳияи Дарбанд шудааст.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷикро аз аҳдофи аслии пешниҳоди оқои Раҳмонов дар мавриди тағйири номи навоҳии кишвар ном бурдааст.
Дар маҷмуъ тағйири номи 8 ноҳияи Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.