Маъсуми Муҳаммадраҷабба ҷуз аз посгоҳҳои марзӣ дигаре чизе ва касе осеб надидааст ва вазъ дар ин минтақа ором аст, ҳарчанд нишонаҳои изтироб дар миёни аҳолӣ низ ба назар мерасад.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ карданд, ки посгоҳҳои мавҷуди ҳар ду кишвар дар минтақаи Бодканро, аз байн бардоранд. Ин тавофуқ дар нишасте, ки рузи якшанбе баргузор шуд, ба даст омадааст. Рузи сеюми январ, сарнишинони як автобуси Тоҷикистон ба посгоҳҳои марзии қирғизӣ ҳамла оварда, ғурфаҳоро сарнагун кардаанд ва бандҳоро шикастаанд. Ҷавобан чандсад нафар аз аҳолии минтақаи марзии Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, ғурфа ва посгоҳҳои гумрук ва марзбонии тоҷикро валангор сохтааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ пас аз дидор аз ҷои ҳодиса гуфт, дар ин низоъ ба ҷуз аз посгоҳҳои марзӣ чизе ва касе осеб надидааст ва вазъ дар ин минтақа ором аст, ҳарчанд нишонаҳои изтироб дар миёни аҳолӣ низ ба назар мерасад.