Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиммати неруи барқ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт



Тоҳири Сафар



Аз 1-уми январ қиммати неруи барқ дар Тоҷикистон боло рафт. Бинобар иттилои хабаргузории Азия Плюс қарор дар ин маврид ҳануз моҳи декабри соли гузашта ба имзо расидааст. Тибқи ин санад қиммати барқ барои тамоми қишрҳои аҳолӣ зиёд мешавад. Дар сурати истифодаи 250 киловат соат барқ, дар як моҳ, ҳар фард барои як киловатт 1,6 дирам пардохт мекунад. Истифодаи неруи барқ беш аз 250 киловатт, яъне беш аз меъёр барои сокинон 2,7 дирам меафтад. Барои корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон нархи неруи барқ тақрибан 5 дирам муқарар шудааст.

Бинобар гузориши дигар, Бонки Осиёии Рушд тасмим гирифтааст, барои барномаи таҷдиди шабакаҳои интиқоли барқи Тоҷикистон ва Узбакистон 90 миллион доллар қарз диҳад. Аз ин ҳисоб, 20 миллион доллар аз Тоҷикистон аст, ки муҳлати бозпардохти он 32 сол муайян шудааст.

XS
SM
MD
LG