Тоҳири Сафар
Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов гуфт, ин кишвар тайи 11 моҳ аз созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ 332 миллион доллар қарз ва кумакҳои бебозгашт дарёфт кардааст. Дар ҷараёни нишасте, ки масъалаи истифодаи сармояҳои дарёфтшуда дар он баррасӣ гашт, Оқил Оқилов изҳор дошт, ки ин маблағҳо, умдатан барои тармими роҳу пулҳо, мактаб ва шабакаҳои обёрӣ масраф шуданд. Дар маҷмуъ аз ҳисоби ин сармояҳо 56 иншоот бунёд шудааст. Нахуствазири Тоҷикистон бо ишора ба нуқсонҳои мавҷуд дар кори марказҳои ҳамоҳангсозии қарзҳо, бар тағйири усули истифодаи вому кумакҳо ва масрафи ҳадафмандонаи онҳо таъкид кардааст.