Салими АюбзодБорис Гризлов гуфт, кишвараш на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки табааи дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро низ барои иқомати бе сабти ном ихроҷ хоҳад кард. Аммо нозирони ҳуқуқ мегӯянд, алҳол танҳо тоҷикон ҳадаф мебошанд.
Борис Гризлов гуфт, дар соли 2001-ум ҳамагӣ сӣ ҳазор шаҳрванди мамолики хориҷӣ аз Русия ихроҷ гардид ва чор ҳазори онҳо таҳти назорати мусаллаҳона. Вай изҳори нигаронӣ кард, ки чаро ва маҳз ихроҷи 70 то сад муҳоҷири тоҷик дар маркази диққат афтод ва таассуроте ҳосил шуд, ки Русия танҳо тоҷиконро аз сарзамини худ меронад. Шояд, гуфт вазири умури дохилии Русия, ҳадаф ин буд, ки робитаҳои наздики мо бо Тоҷикистон халалдор карда шаванд. Гризлов ҳамчунин аз он изҳори норозигӣ кард, ки матбуот ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро бо сафари кории ӯ ба Душанбе ва мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар нимаҳои моҳи ноябр бастагӣ додааст. Ба гуфтаи вай, бо ҳамин сабаб, масъалаи ихроҷи тоҷикон мавриди таваҷҷӯҳи матбуот қарор гирифт. Гризлов гуфт, дар роҳи иҷрои қонуни муҳоҷират ба ягон хел пешдоварӣ роҳ дода нахоҳад шуд ва барои мақомот фарқ нахоҳад дошт, ки шаҳрвандони кадом кишвар мавриди ихроҷ қарор хоҳанд дошт. Дар ҳамин ҳол коршиноси умури Осиёи марказӣ Юрий Земмел гуфтааст, дар ҳақиқат пиромуни ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия як навъ ҳангома барпо шуд, вале бояд дид, ки ин ҳангома ба кӣ даркор буд. Дуруст аст, ки мегӯяд Земмел, ҳазорон нафар муҳоҷири иқтисодӣ барои Маскав ва вилояти Маскав дарди сар эҷод мекунанд, вале ин ҳайат, танҳо аз тоҷикон иборат нест. Муайян шудааст, ки бахши асосии муҳоҷиронро дар ин минтақа шаҳрвандони Украина, Беларус, Молдова, Ӯзбакистон ва Чин ташкил мекунанд. Дар бораи ихроҷи ин шаҳрвандон маълумоте нашр нашудааст. Ин коршинос дар бораи сабабҳои ҳадаф қарор ёфтани шаҳрвандони Тоҷикистон тахмин мезанад, ки асли масъала ба ҳалли осони интиқоли ин муҳоҷирон бастагӣ дорад. Парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳои арзони ҳарбӣ аз Маскав танҳо ба Душанбе сурат мегиранд. Ин ҳавопаймоҳо метавонанд, ҳамроҳ бо бори худ, бо камтарин харҷ муҳоҷиронро низ интиқол диҳанд. Сабаби дигар, аз нигоҳи Юрий Земмел ин аст, ки матбуоти Русия тайи солҳо аз тоҷикон як симои ношойистаи ноқилони маводи мухаддирро сохтааст ва сохторҳои қудратии Русия онҳоро қурбонӣ интихоб карданд, бо ин андеша, ки онҳо камтар аз ҳама ҳамдардии ҷомеъаи русро ба вуҷуд оварда метавонанд. Светлана Алексеева, райиси Кумитаи Мусойидати шаҳрвандии Русия мегӯяд, ҷомеаи Русия ба тоҷикон мухолифат надорад ва сабаби ҳадаф қарор гирифтани онҳо дигар аст: "Фавқулодда бовиҷдон, росткор, оромтабиат, ботааммуланд. Як камбудӣ доранд. Бисёр мутеъ мебошанд. Кӯмак кардан мушкил аст ба одаме, ки худаш барои худ, мубориза намекунад."
Алексеева меафзояд, чандин ниҳоди ҳуқуқи башари Русия ба пуштибонии тоҷикон бархостанд, аммо худи онҳо ва ҳукуматашон дар ин роҳ фаъолияте накарданд. Ба ақидаи хонум Алексеева, агар ҳукумати Тоҷикистон, ташкилкунандагони ин барномаро ба додгоҳ кашад, хеле зуд маълум хоҳад шуд, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон шадидан поймол шудааст. Ба гуфтаи вай, шубҳаовар аст, ки дар ду рӯз, додгоҳи вилояти Маскав 170 парвандаи муҳоҷирони ғайриқонуниро баррасӣ карда, дар бораи онҳо ҳукм баровардааст ва рӯзи сеюмаш онҳо ба ватанашон фиристода шудаанд. Дар Русия, ҳеҷ кор ин хел тез иҷро намешавад.