Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаи баҳри Арал



Раҳматкарими Давлат

Коршиносон ва намояндагони кишварҳои донор мушкили ин баҳри аз дасти инсон зиёндидаро дар шаҳри Душанбе баррасӣ карданд.

Нишасти намояндагони кишварҳо ва созмонҳои кумакрасон барои наҷоти баҳри Арал дар пойтахти Тоҷикистон ба кори худ поён дод. Ин нишаст ба ҳадафи ҷалби сармоя барои амалисозии барномаҳои марбут ба наҷоти Арал баргузор гардид. Сироҷиддин Аслуф дабири иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти баҳри Арал, мегӯяд, аз соли 1994 то кунун, аз ҷониби кишварҳо ва ниҳодҳои кумакрасон ҷиҳати таҳҳақуқи ин барнома 250 миллион доллар қарз ва 40 миллион доллари дигар ба сурати билоиваз ихтисос ёфтааст. Аммо тайи чанд соли ахир тавваҷӯҳ ба ин масъала коҳиш пайдо намудааст. Аз масъули Бунёди Арал пурсидам, ки ин маблағҳо барои иҷрои кадом барномаҳо масраф шудааст. Вай гуфт:"Аз вақте ки сарони кишварҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи аввали наҷоти баҳри Аралро қабул намуданд, ҳамчун кредит ба мақсадҳои ҳавзаҳои баҳри Арал ки 250 миллион доллари амрикоӣ доданд. Аммо се соли ахир ин фонд ҳеҷ дастгирие надидааст. Барои дар ҳолати имрӯзаи экологӣ нигоҳ доштани баҳри Арал ва ҳавзаи он якчанд миллиард доллар зарур аст. Умед дорем, ки дар оянда як беҳбудӣ дар иҷрои барномаи баҳри Арал пайдо шавад." Аммо ба назари коршиносон як сабаби кам шудани тавваҷӯҳи сармоягузорон ба барномаи мазкур, умдатан аз ҷониби кишварҳои ҳавзаи Арал ғайримақсад истифода шудани маблағҳост. Сироҷиддин Аслов - дабири иҷроияи баҳри Арал мегӯяд, бархе аз муассисоти молиявии ҷаҳон, аз ҷумла Бонки Рушди Осиё акнун боз ба сурати умум барои истилоҳ "идомаи наҷоти Арал" ваъдаи кумак намудааст. Оғои Аслов мегӯяд барои нигаҳ доштани вазъи ҳавзаи баҳри Арал кишварҳои минтақа ба танҳоӣ қодир нестанд. Нишасти сармоягузорон барои наҷоти Арал, бо даъвати сарони кишарҳои ҳавзаи Арал, ки дар моҳи октябр дар Душанбе баргузор гашта буд, доир шуд. Раисони ҷумҳурии чор кишвари Осиёи Миёна, дар нишасти ду моҳи қабли худ дар Душанбе масъалаи наҷоти Аралро дубора барои ҷомеаи ҷаҳонӣ матраҳ намуданд ва хостори кӯмаки бештаре дар ин робита шуданд. Раисҷумҳури Ӯзбакистон дар ин нишаст гуфта буд, мутмаъин аст, ки баъди фоҷиаҳои табии соли равон дар Аврупо, Ғарб ба масъалаи Арал низ тавваҷӯҳ зоҳир хоҳад намуд. Раисҷумҳури Тоҷикистон мегуфт, дар сурати хушкидани Арал ҳазорҳо тонна намак ҳавои Аврупо ва минтақаро олуда хоҳад кард. Аммо Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳурии Қазоқистон ба дунболи пурсишҳои қотеъи хабарнигорон роҷеъ ба он ки мушкили баҳри Арал, аслан баҳси об дар Осиёи Марказӣ мебошад, барои аввалин бор дар тӯли баррасии ин масъала назари дигарро баён дошт. Вай гуфт:" Мо дар назди худ чунин вазифаи худхоҳонае нагузоштаем, ки дубора ҳавзи Аралро аз об пур намоем. Мо имрӯз вазифа гузоштаем, ки мушкилоти хушкшавии Арал дақиқан омӯхта шавад. Таърихшиносон низ мегӯянд, ин баҳр дар гузашта низ хушкида ва дубора барқарор шудааст." Аммо мутахассисоне, ки дар иҷрои барномаҳои наҷоти Арал фаъолият кардаанд, мегӯянд баъд аз пош хурдани Шуравӣ, корҳои амалӣ дар ҷиҳати наҷоти Арал низ сурати кунд касб кардааст. Ва ҷумҳуриҳои ҳавзаи Арал талош доранд, ҳар кадоме дар алоҳидагӣ аз имконоти барои наҷоти Арал ба суди худ истифода намояд. Ба назари бисёре аз таҳлилгарон Ӯзбакистон, Қазоқистон ду кишвари нисбатан бузурги Осиёи Марказӣ бо баҳонаи наҷоти Арал дар айни ҳол қасд доранд, фақат аз имконоти бештари захираҳои обии минтақа баҳраманд шаванд. Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвар кӯчактар, вале дорои ҳудуди 80 дар сади захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар навбати худ талош доранд, дар рудхонаҳо неругоҳҳои барқи обии бештаре бунёд намоянд ва ба ин тартиб дар амри танзими об дар минтақа, таъсир бигузоранд ва аз ҳалли мушкилоти тиҷоратӣ ва минтақаҳии худ бо ду кишвари дигар имтиёзе ба даст биёранд. Аз ин ҷост, ки Узбакистон ва Қазоқистон даъво доранд, бояд сохтмонҳои неругоҳҳои барқи обӣ бо машварати кишварҳо сурат бигирад. Аммо Сироҷиддин Аслов дабири бунёди Арал гуфт, дар ин нишаст сармоягузорон санади хосаеро барои додани қарзҳо ва кумакҳо имзо накарданд ва маблағи тақрибии ваъда намудани онҳо низ мушаххас намебошад. Бо пешниҳоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раиси Бунёди наҷоти Арал низ мебошад, мебоист то кунун қароргоҳи идораи доимии Бунёди Арал низ мушаххас мешуд, вале то кунун ин кор низ сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG