Маъсуми МуҳаммадраҷабОнҳо эътироз доранд, ки маоши шашмоҳаи худро нагирифтаанд.
Ҳудуди 140 муаллим ва кормандони ду мактаби миёна дар деҳаи Ёрии ноҳияи Панҷакент коршиканӣ кардаанд. Онҳо эътироз доранд, ки маоши шашмоҳаи худро нагирифтаанд ва шикоятҳояшон ба мақомоти маҳалливу вилоятӣ натиҷа надод. Сокини деҳаи Ёрӣ Шоҳини Облоқул аз тариқи телефон ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, ки коршикании муаллимон чаҳор рӯз қабл шурӯъ шуд. Омӯзгорони деҳаи Ёрӣ мегӯянд, то замоне, ки маоши онҳо пардохта нашавад, коршиканиро идома медиҳанд.