Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ЭКО дар Душанбе баргузор хоҳад шуд



Тоҳири Сафар



Нишасти навбатии сарони кишварҳои узви созмони ҳамкории иқтисодӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Бинобар иттилои Зафар Саидов сухангӯи президенти Тоҷикистон қарори марбута дар ин бора дар нишасти ахири созмон дар шаҳри Истанбули Туркия ба имзо расид. Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ соли 1985 таввасути Туркия, Эрон ва Покистон барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои минтақа таъсис ёфта буд. Ҳафт кишвари собиқи Шӯравӣ ва Афғонистон дертар ба он пайвастанд. Фароҳамсозии шароит барои тавсиъаи иқтисодии пойдор, боло бурдани сатҳи зиндагӣ дар кишварҳои узв, ҳазфи монеаҳои тиҷоратӣ дар минтақаи ЭКО, густариши тиҷорат ва мубодилоти мол аз ҳадафҳои аслии ин созмон аст.



XS
SM
MD
LG