Тоҳири Сафар
Дар Тоҷикистон фурудгоҳи нави низомӣ бунёд хоҳад шуд. Қарори марбутаро дар ин бора рӯзи чоршанбе 18-уми сентябр ҳукумати кишвар ба тасвиб расонд. Тибқи иттилои маркази матбуоти президенти Тоҷикистон, фурудгоҳи нав дар қаламрави ноҳияи Ҳисор ва Ленин воқеъ дар ғарби пойтахт шаҳри Душанбе бунёд ва барои он ҳудуди 230 гектар замин ҷудо хоҳад шуд.