Тоҳири СафарЧин барои таҳкими артиши миллии Тоҷикистон кӯмак мекунад.
Рӯзи сешанбе як ҳайати вазорати дифоъи ҷумҳурии мардумии Чин бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев мулоқот кард. Тибқи иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни ин гуфтугӯ масоили ҳамкориҳои низомӣ-техникии миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баъди ин мулоқот ҳайати чинӣ изҳор дошт, ки кишвараш ба вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ҳаҷми як миллион доллар кӯмакҳои техникӣ хоҳад расонд. То кунун ба гуфтаи вазири дифоъи Тоҷикистон низомиёни тоҷик аз ҷумҳурии мардумии Чин ҳудуди 2 миллион доллар кӯмакҳои фанниву техникӣ дарёфт кардаанд.