Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ва муносиботи Русия бо Тоҷикистон


Дмитрий Медведев ҳини савгандёдкунии президентӣ, 7 май
Дмитрий Медведев ҳини савгандёдкунии президентӣ, 7 май

Коршиносони тоҷик мегӯянд, бо омадани Дмитрий Медведев ба сари қудрат сиёсати Русия ба ин зудӣ дар қиболи Тоҷикистон таҳаввуле касб нахоҳад кард.

Агарчанд таъкид мекунанд, таҳаввуле дар муносибот ва раванди ҳамкориҳоро метавон интизор дошт. Ин ҳад дар сурате, ки ба назари бархе дигар соҳибназарон, ба дунболи чанд иттифоқи ахир ва хоса аз сӯи Тоҷикистон ба сурати якҷониба лағв шудани қарордоди сохтмони неругоҳи Роғун тавассути Русал ва наздикшавии мавзеъҳои Тошканд бо Маскав равобити Русия ва Тоҷикистон ба сардӣ мувоҷеҳ шудааст.

Абдулло Қодирӣ, таҳлилгари Маркази таҳқиқоти истротежики назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, наметавон тағйироти усулиеро дар сиёсати Кремл нисбат ба Тоҷикистон интизор дошт. Ба ақидаи оғои Қодирӣ, аммо дар бархе ҷанбаҳои сиёсати Русия метавон тағиротеро интизор дошт, назири сиёсати муҳоҷират, ки ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебаранд.

Аммо ба пиндори Давлати Усмон, вазири пешини иқтисод дар ҳукумати Тоҷикистон, бо таваҷҷӯҳ ба либерол ва моил ба барномаҳои иқтисодӣ будани Дмитрий Медведев метавон умедвор буд, ки барномаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби саромояҳои Русия густариши бештаре пайдо хоҳанд кард.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, мегуяд, ба сурати умумӣ агарчанд наметавон аз Медведев чашми умед дошт, аммо боз ҳам агар ҳукумати Тоҷикистон қотеъият ва ирода нишон диҳад, Русия ба сармоягузории барномаҳои энержӣ ва хоса Роғун руй хоҳад овард. Бо вуҷуди он ки, таъкид мекунад оғои Ҳакимов, Русия дар муносибот Узбакистонро тарҷеҳ медиҳад ва агар ҳукумати Тоҷикистон қотеъият нишон надиҳад муносибот ҳамчунон буҳронӣ боқӣ хоҳад монд.

Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Медведев дар мақомои муовини аввали нахуствазири Русия дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон интизор доштанд Русия аз буҷаи давлат барои сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун сармоя ихтисос диҳад, гуфта буд, ҳукумати Русия ин корро нахоҳад кард.

Ва ба дунболи аз ҷониби Тоҷикистон дар тобистони гузашта ба сурати якҷониба лағв шудани қарордоди сохтмони Роғун тавассути як ширкати русии Русал, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ба тааҳҳудаш амал накард, муносиботи ду ҷониб ба марҳилаи дигаре аз сардӣ расид.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ - ҷиноҳи Муҳаммадрузӣ Искандаров, мегуяд, ин мушкили пешомада дар равобити ду кишвар усулист ва бо омадани оғои Медведев ҳамчунон боқӣ хоҳад шуд. Аммо ҷамъе дигар аз коршиносон ба ин боваранд, ки агар оғои Меведев майл низ дошта бошад, ки сиёсатро иваз кунад, ба зудӣ қодир ба он нахоҳад буд. Зеро то муддате нуфузи Путин дар сиёсат ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Вале агар тағйире ҳам пеш биёяд, бо мувофиқаи оғои Путин хоҳад шуд.

Аммо боз ҳам, мегуянд коршиносон, намешавад ҳама мавридҳоро истисно кард ва бояд боз ҳам интизор буду дид, ки нахустин қадамҳои оғои Медведев чӣ гуна гузошта хоҳад шуд. Зоҳиран ба назар мерасад Тоҷикистон низ дар иҷрои бисёре аз барномаҳои худ интизорӣ зудтар ба курсӣ омадани Медведевро дошт, ки мушкилоти худро рӯшан ва яксара кунад. Изҳори ирода ва қотеъияти ҷониби Тоҷикистон низ то ҷое ба нахстин қадамҳои оғои Медведев бастагӣ хоҳад дошт, ки Тоҷикистон дар он манфиати худро мебинад ё не.

XS
SM
MD
LG