Ба ин фестивал гурӯҳҳои ҳунарӣ аз соири кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамчунин Олмон, Фаронса, Шветсария ва Маҷористон даъват шудаанд. Хоникей Мухторова, мудири фестивали мазбур, таи нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки шаҳри Бишкек бори севвум аст, ки ҳунармандони мусиқии ҷазро гирди ҳам овардааст. Ба гуфтаи хонум Мухторова, вай мутмаин аст, ки фестивали байнулмилалии ҷаз дар сатҳи олӣ хоҳад гузашт. Вай афзуд, бешубҳа ин фестивал дар рушду нумӯъи мусиқии ҷаз дар Қирғизистон низ хеле нақши муҳим хоҳад бозид.
Владимир Фейертаг, мунаққиди мусиқии ҷаз аз Русия, гуфт, бори нахуст дар фестивале ширкат менамояд, ки иштирокчиёни зиёди онро ба хубӣ намешиносад. Ба гуфтаи Владимир Фейертаг, аммо вай хушҳол аст, ки чунин навъи мусиқӣ ба як ҷузъи фарҳанги умумимардумӣ табдил ёфтааст. Мавсуф гуфт, мусиқии ҷаз аз ҳамон навъи ҳунар аст, ки ҳунарманд дар саҳна худро хеле озод ҳис мекунад ва бо навои сеҳрангези мусиқӣ ва истеъдоди фавқулоддаи худ ба дили мухлисон роҳ меёбад.
Аз Давлат Назриев, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, пурсидам, ки гурӯҳи «Мизроб» дар фестивали Бишкек чӣ саҳме хоҳад гирифт? Вай гуфт, «бори севвум аст, ки дар фестивали байнулмилалии ҷаз дар Бишкек ширкат мекунем. Гурӯҳи ҳунарии «Мизроб» ҳунари Иқболи Завқибек, Муборакқадам Машрабов, Зарифи Пӯлод ва дигаронро ба мухлисон муаррифӣ хоҳад кард. Тибқи барномаи фестивал, мо як консерти вижаеро намоиш хоҳем дод ва чанд мулоқот бо ҳунармандони мамолики дигар анҷом хоҳем дод. Аммо дар назар аст, ки барои тоҷикони муқими Бишкек як барномаи консертӣ таъсис диҳем ва табъи ҳамватанону ҳамзабонони худро дар ин шаҳр болида созем».
Ногуфта намонад, ки тибқи барномаи фестивал ин бор гурӯҳҳои ҳунарӣ берун аз шаҳри Бишкек низ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки яке аз барномаҳои консертии ҳунармандон дар шаҳри Қарокӯл-маркази маъмурии вилояти Иссиқкӯли ин кишвар баргузор хоҳад шуд.