Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳанги давлатдорӣ ва истеъфо дар Русия


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Сергей Иванов, муовини нахуствазир ва Юрий Балуевски, раиси ситоди кулли неруҳои ин кишвар
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Сергей Иванов, муовини нахуствазир ва Юрий Балуевски, раиси ситоди кулли неруҳои ин кишвар

Раиси Ситоди кулли неруҳои Русия Юри Балуевски барои севвуним бор аст, ки хостори истеъфои довталабонаи худ аз раисҷумҳури ин кишвар мешавад.

Ва барои севвумин бор аст, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, истеъфои ӯро намепазирад. Алексей Сидоренко, коршиноси Русия, ин пофишориҳои генерал Балуевскиро иқдоми шоистаи як давлатмард ва сиёсатмадор медонад. Ба эътиқоди вай, на ҳама соҳибмақом аз ин хислати давлатмардӣ бархурдор аст, ки на ба хотири мансаб, балки барои пешрафти кор пофишорӣ мекунад. Ва замоне эҳсос мекунад, ки талошҳои вай дар пешрафти кор ба бунбаст рӯ ба рӯ мешавад, довталабона аз мақомаш канор меравад.

Ба эътиқоди ин коршинос, Юри Балуевски аз ҷумлаи ҳамин давлатмардон аст, ки бо чунин рафтор мавриди эҳтиром ва маҳбубияти мардум қарор мегиранд. Ва аз ин ҷост, ки Владимир Путин истеъфои ӯро напазируфтааст. Ба эътиқоди Алексей Сидоренко, истеъфои давлатмардони Русия ба ду навъ аст ва ё ду ҳадафро ба дунбол дорад.

Оқои Сидоренко мегуяд, дар мавриди аввал ин истеъфои воқеист, ки дар ин мақом кори дурусте аз дасти истеъфодиҳанда намеояд. Шояд ба далели ин ихтилофи назарҳо ва шояд ба далели беморӣ ва ғайра довталабона аз мақомаш канор меравад. Дар мавриди дуввум бархе аз мақомдорон, бахусус устодорон, ба хотири дубора ба ин мақом таъин шудан истеъфо медиҳанд. Ва ба ин васила ба мардум ҳушдор медиҳанд, ки ин корро барои дифоъ аз мансабу курсӣ накардаанд. Вале истеъфои чунин давлатмардон мавриди эҳтиром қарор намегирад.

Истеъфои довталабонаи давлатмардони Русия дар таърихи ин кишвар як бахши фарҳанги давлатдорӣ ба шумор меравад. Ва маҳбубияту мақоми баистеъфорафтаҳо болотар аз мавқеъи давлатмардест, ки солҳо бар курсии мансаб менишинад ва пас аз марг ё бознишастагӣ касе аз ӯ ёд намекунад.

Борис Елсин, нахустин раисҷумҳури Русия, бо қотеъият, мардонагиву, такопуи инқилобиаш дар замони бозсозии давлати Шуравӣ аз маҳбубияти мардум бархурдор шуд ва мардум ӯро раисҷумҳури Русия интихоб кард. Вале дар давраи дуввуми президентиаш эҳсос кард, ки дар сариштаи кишвари Русия заъиф аст ва аз мардум пузиш хост ва довталабона аз мақомаш канор рафт.

Ба қавли Алексей Сидоренко, коршиноси Русия, ин пузиш в истеъфои Борис Елсин ҳама нокомиҳои ин давлатмардро ба фаромушӣ супурд ва ӯ дубора мавриди эҳтироми мардум қарор гирифт.

Игор Иванов, дабири Шурои амнияти Русия буд. Ӯ имкон дошт то охири умр дар ин мақом бимонад. Вале эҳсос кард, ки ба унвони як давлатмард дар ин мақом наметавонад дар сиёсати давлат нақши муҳимро ифо кунад, довталабона истеъфо дод.

Анатоли Сердюков вазири дифоъи Русия таъин шуд ва пас аз як-ду моҳи кораш дар ин мақом Виктор Зубков, падараруси вай, нахуствазири Русия таъин шуд. Анатоли Сердюков бо муроъот аз аз русуми фарҳанги давлатдорӣ аз раисҷумҳури Русия тақозо кард, ки ба далели робитаи хешовандӣ доштанаш бо нахуствазири кишвар ӯро аз вазифаи вазири дифоъ барканор кунад.

Ба эътиқоди коршиноси рус Алексей Сидоренко, ин иқдоми Анатоли Сердюковро мардум хуш пазируфт ва агар оқои Сердюков хостори довталабона аз мақом рафтанашро намекард, ҳадсу гумонҳоро дар бораи шахсияти вай ба унвони як давлатмард бармеангехт. Даъвои ситеъфои вай як навъ ҳушдоре буд ба мардум ва мақомот, ки ӯ як сиёсатмадори мустақил аст ва ба пуштибонии падарарусаш ниёз надорад.

Ба навиштаи бархе аз расонаҳои хабарии Русия, далели дархости истеъфои Юри Балуевски аз раиси ҷумҳур низ ба ихтилофи назарҳои ду давлатмард – Юри Балевски, аиси Ситоди кулли неруҳои Русия ва Анатоли Сердюков, вазири дифоъи Русия, бастагӣ дорад. Ва раиси ҷумҳури Русия намехоҳад истеъфои ин ду давлатмардро бипазирад. Ба ин далел, ки пешрафт бе рақобати солим ғайримумкин аст ва давлат дар сурате муқтадир ва поянда аст, ки давлатмардони воқеъӣ ва соҳибэҳтиром дар сутуҳи давлат фаъолият кунанд.

XS
SM
MD
LG