Намоиши саҳнаи рақси якҷояи духтарону писарон дар телевизиони Тулӯъ дар чанд рӯзи пеш, мақомоту вакилони муҳофизакори Афғонистонро ба хашм овард. Вазорати иттилоъот ва фарҳанги Афғонистон ин намоишро ғайриахлоқӣ ва ғайриисломӣ номида ва онро маҳкум кард.
Телевизиони Тулӯъ дар чанд рӯзи пеш маросими супурдани ҷоиза ба филмсозон намоиш дод, ки дар он духтарону писарон бо ҳам мерақсиданд. Вазорати фарҳанги Афғонистон гуфт, ки ин барнома мухолиф ъа эътиқод ва суннатҳои ҷомеаи Афғонистон аст. Вазири фарҳанг Абдулкарим Хуррам гуфт, кумитаи махсуси давлатӣ таҳқиқ рафтор телевизони Тулӯъро таҳқиқ хоҳад кард, ки бо он намоиш Қонуни матбуотро зери по кардааст ва ё на.
Намоиши рақси якҷоя сабаби баҳсҳои оташин дар порлумони Афғонистон шуд ва яке аз вакилони муҳофизакор Мавлавӣ Динмуҳаммад Азимӣ хост, то телевизиони Тулуъро бубанданд. Аммо теъдоде аз вакилон, ба ҳимояти телевизион бархоста ва гуфтаанд, набояд озодии сухан ва матбуотро зери по кард. Раҳимуллоҳ Самандар, раҳбари Иттиҳодияи рӯзноманигори мустақили Афғонистон мегӯяд, бори аввал нест, ки унсурҳои ҷиҳодӣ ва муҳофизакори давлати Афғонистон ба телевизионҳо ҳамла мекунанд. Пештар аз ин худи Тулуъ ва телевизионҳои Ориёно ва Нуринро низ барои намоишҳои сериалҳои хориҷӣ бадахлоқ номида маҳкум карда буданд. Аммо Раҳимуллоҳ Самандар мегӯяд, афғонҳо, ки аз ҷангҳои тулонӣ ва маҳдудиятҳо хаста шудаанд, барномаҳои тафреҳӣ ва сабукро дӯст медоранд.
Телевизиони Тулуъ, ки соли 2004 ба кор оғоз кард, яке аз телевизионҳои дустдоштаи ҷавонони Афғонистон ба ҳисоб меравад. Авоили ҳамин ҳафта, барномаи мусиқии «Ситораи Афғон», ки истеъдодҳои ҷавони ин кишварро муаррифӣ мекунад, таҳти танқиди рӯҳониён қарор гирифт, зеро дар он духтарону писарон баробар бо ҳам рақобат мекунанд.
Лимо Саҳар, як духтари 20-солаи пашту аз вилояти Қандаҳор пойтахти собиқи Толибон дар ин озмун ҷойи саввумро гирифт ва гирифтори дарди сар низ шуд. Ситора Ҳусайнзода аз вилояти Ҳирот низ баъди ширкат дар озмуни Ситораи Афғон пинҳон шуд, зеро ба ӯ таҳдиди куштан карданд. Дар моҳи январи ҳамин сол Шӯрои милли уламои руҳонии Афғонистон аз раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай хостанд, то ба гуфтаи онҳо намоишҳои ғайриахлоқии телевизионҳо, бахусус барномаи Ситораи Афғонро мамнӯъ кунад.