Ин созмон инчунин ба маркази санъати тасвирии «Насли наврас»-и назди як созмони ғайридавлатии парастори кӯдакони маълул 2 000 евро кумак интиқол намуд.
Чунонки дар маросими интиқоли маблағи кумак мудири Маркази САҲА оид ба ҷилавгирӣ аз низоъҳо Ҳерберт Залбер гуфт, ин маблағҳо ҷиҳати кумак ба мардуми Тоҷикистон, ки аз сармои шадид зарар дидааст, дар як иқдоми хайрия дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш, ҷамъоварӣ шудааст.
Ҳ. Залбер ҳамчунин изҳор намуд, ки созмон омодааст, ки аз ин ба баъд низ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар мавридҳои лозим кумак кунад.
Дар ин маросим, аз ҷумла, ашхоси расмии вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Финландия, намояндагони ҷомиъа ва сафирони як қатор сафоратҳои мустақар дар кишвар иштирок доштанд.