Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба гуруҳи дармондаи сиркбозони рус дар Тоҷикистон мардум кумак мекунанд


Бинои сафорати Русия дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои сафорати Русия дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Як гуруҳи 13-нафарии сиркбозони Русия бо тақрибан 30 ҷонвар дар Душанбе дармондаанд. Онҳо моҳи феврал барои ҳунарнамоӣ дар гӯшаҳои Тоҷикистон ба кишвар омада, ба сабаби баста шудани марзҳо натавонистанд берун раванд.

Нейла Шустова, ҳунарманди сирки Русия, ҳамроҳи шавҳар ва духтари мактабхонаш ба Тоҷикистон омадааст. Вай мегӯяд, сафари ҳунарӣ хуб гузашт, ҳарчанд аз тарси сирояти коронавирус мухлисони бисёре ҷамъ намешуданд.

“Ҳанӯз аз пасандозҳоямон дар Русия истифода мекунем. Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон моро бепул дар меҳмонхона ҷой додаанд. Ҳамроҳи худ ба Душанбе ҳудуди 30 аспу шутур ва палангу дигар ҷонваронро овардаем. Барои ғизои онҳо мушкилӣ дорем, аммо сокинони Душанбе аз ин огаҳӣ ёфта, ҳар рӯз барои ҷонварон хӯрок меоранд”, - нақл кард ӯ рӯзи 17-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар посух ба ин суол, ки оё сафорати Русия дар Тоҷикистон дар чунин вазъ ба онҳо ёрӣ намекунад, Нейли Шустова гуфт, чанд дафъа ба муроҷиат карданд, вале ҳанӯз кумаке нагирифтанд.

Дар пайи сирояти бемории ҳамагири COVID-19 ва баста шудани марзҳо шуморе аз шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон дармонда, аз сафорати ин кишвар хостори расондани кумаки моддӣ шудаанд.

Айниддин Талбиев, шаҳрванди Русияро дар назди сафорати ин кишвар дар Душанбе вохӯрдем, ки барои талаби ёрӣ омадааст. Ӯ мегӯяд, охири моҳи январи имсол барои дафни писараш ба Тоҷикистон омад ва ҳоло наметавонад ба Русия баргардад.

“Баъд аз баргузории маросими дафн ва маъракаҳои дигар, хостам, ки ба Русия баргардам, аммо марзҳо баста шуд. Ба сафорати Русия чаҳор дафъа муроҷиат кардам, мегӯянд, ба сомона навис. Сомонаи сафорат бастааст. Имрӯз ҳам ба назди сафорат омадам, касе қабул намекунад”.

Татяна Орехова, шаҳрванди дигари Русия ба Душанбе барои ҳалли масоили додгоҳии меросиаш омада, ҳамакнун бе маблағ мондааст. Ба иттилои Орехова, ҳукумати Русия барои кумак ба шаҳрвандони дармондааш маблағ ҷудо кардааст, аммо вай наметавонад аз сафорати Русия ин маблағро бигирад: “Дар Душанбе хешованде надорам, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам ва ҳатто аз тамошои телевизор маҳрумам. Кор ба ҳадде расида, ки ба сабаби надоштани маблағ телефони ҳамроҳам фаъол нест”.

Қиссаи русҳои бандмонда дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00

Навбатдори сафорати Русия дар Тоҷикистон дар посух ба шарҳи ин мавзӯъ гуфт, “ҳар як шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон метавонад ба сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия арзу шикояти худро бинависад ва он баррасӣ мешавад”.

Тибқи иттилои мухталиф, ҳоло ҳудуди ҳафт ҳазор нафаре, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро доранд, мунтазири оғози парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар ҳастанд, то тавонанд худро ба Русия бирасонанд.

Баъд аз сирояти бемории COVID-19 дар кишварҳои ҷаҳон ва баста шудани марзҳо ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон, умдатан муҳоҷирони корӣ низ дар Русия дармондаанд. Аксари онҳо мегӯянд, бекору бепул ҳастанд ва бо кумаки тоҷикони дигар рӯз мегузаронанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG