Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Эрону Узбекистон то... Гана. Легионерҳои футболи Тоҷикистон. ВИДЕО


  • Ба назари коршиносони соҳаи футбол дар Тоҷикистон даъвати легионерҳо ба тимҳои кишвар хуб аст ва метавонад ба боло рафтани сатҳи бозии футболбозони маҳаллӣ кумак кунад.

Алиакбар Оҳакӣ дар мавсими имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дарвозаи тими ССКА “Помир”-и Душанберо дифоъ мекунад. Ӯ 25-сола ва аз Эрон аст. Оҳакӣ зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мо бо тоҷикон ҳамзабону ҳамфарҳангем ва ҳисси қарибе байни мо аст. Дастаи ССКА, ки як мураббии эронӣ дошт, моро ба инҷо овард ва мо шароитро дидему онҳо моро санҷиданд. Хулоса кардем, ки имсоли варзишиамонро инҷо сипарӣ кунем."

Дар инҷо аз Гана ду нафар ҳастем. Забони тоҷикиро тариқи телефон ёд гирифтем

Ин легионери эронӣ мегӯяд, таҷрибаи 14-солаи футболбозӣ дорад ва дар ҳайати дастаҳои қаблиаш дар Эрон муваффақона бозӣ кардааст. Мехоҳад, бо дастаи ССКА “Помир” ҳам муваффақ шавад.

"Мехоҳам ба Украина равам, ё Русия"

"Мо инҷо омадем, ки то ҳадди тавонамон ба футболи Тоҷикистон кумак кунем. Ҳамин интизоротро дорем, ки футболи тоҷик ҳам ба мо кумак кунад. Ин ҷо нуқтаи ниҳоии мо нест. Бо ёрии футболи тоҷик мехоҳем дигар қуллаҳои муваффақиятро тай кунем”, - иброз дошт Алиакбар Оҳакӣ.

Ӯ дар ҳайати дастаи ССКА “Помир” ягона легионер нест. Ҳамватани ӯ Муҳаммад Алипур ҳам имсол ба ин даста пайваст ва дар хатти ҳамла бозӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, бо омадан ба футболи тоҷик нақшаи дигар дорад: "Мехостам таҷрибаи инро дошта бошам, ки берун аз кишварам футбол бозӣ кунам ва аз инҷо ба кишварҳои дигар трансфер шавам. Ба мисли Украина, Русия."

Алиакбар Оҳакӣ.
Алиакбар Оҳакӣ.

Тоҷикистон - Узбекистон - Тоҷикистон

Дар баробари Муҳаммад ва Алиакбар дар ҳайати дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 18 футболбози хориҷӣ ё легионерҳо бозӣ мекунанд, ки намояндагони ҳафт кишвар - Беларус, Гана, Русия, Узбекистон, Украина, Эрон ва Эстония - мебошанд.

Дар ҳайати дастаи нави лигаи олӣ – “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ – аз ҳама бештар – шаш легионер бозӣ мекунад, ки чаҳор нафарашон аз Узбекистон, якнафарӣ аз Гана ва Русия мебошанд. Яке аз онҳо ҳамлагар Муҳиддин Одилов аз Узбекистон аст.

Ӯ гуфт, «аз дастамон чизе, ки ояд ба даста кӯмак мекунем. Ман дар дастаи ҷавонони Академияи футболи “Пахтакор” тарбия ёфтаам. Соли якум аст, ки инҷо ҳастам. Ман бо дӯстам, ду нафар ба ин даста омадем. Шароитҳо ҳама хуб ҳастанд. Ман аслан дар Зафарободи Тоҷикистон таваллуд шудаам.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Легионерҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:00 0:00

Ҳимоятгар Принс Артур аз Гана зиёда аз ду сол мешавад, ки дар ин тим бозӣ мекунад. Ба назар мерасад, ки ба шароити Тоҷикистон хуб одат кардааст. Аллакай бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанад. “Ман ҳозир 21-сола ҳастам. Аз Гана ҳастам. Ман бо агент кор мекунам. Ӯ гуфт, ки ба Тоҷикистон биё, омадам. Инҷо раҳбарияти даста ҳама бо мо муносибати хуб доранд. Инҷо мо ду нафар ҳастем. Забони тоҷикиро тариқи телефон ёд гирифтам.”

Ба қавли сармураббии дастаи “Кӯктош” Алиҷон Турдиназаров бо назардошти регламент ё дастури Лигаи футболи Тоҷикистон наметавонанд ҳамаи легионерҳояшонро дар як бозӣ вориди майдон кунанд.

“Барои мо хеле душвор аст. Дар ҳар як бозӣ чор легионер бозӣ мекунад. Мо бошем, шаш легионер дорем. Кӯшиш мекунем, ки ҳамааш бозӣ кунад. Легионерҳои мо бозигарони хуб ҳастанд”, - гуфт ба Радиои Озодӣ Алиҷон Турдиназаров.

"Бутсӣ мехарем, дасткаш мехарем"

Легионерҳои футболи тоҷик мегӯянд, ҳарчанд маоши баланде намегиранд, аз шароити буду бошашон дар Тоҷикистон қаноатманд.

“80 дарсади маошамонро барои футбол харҷ мекунем. Бутсӣ мехарем, дасткаш мехарем. Инсон агар мехоҳад, фоидае бигирад, бояд аввал сармоягузорӣ кунад. Мо ҳамин сармоягузориро дар худамон мекунем, ба умеди оне, ки оянда бо амри Парвардигор натиҷаашро бинему фоидае ба даст орем”, - иброз дошт Алиакбари Оҳакӣ.

Тоҳир Мӯминов, сармураббии ССКА “Помир”.
Тоҳир Мӯминов, сармураббии ССКА “Помир”.

Тоҳир Муъминов, сармураббии ССКА “Помир”, дар бораи шароити муҳайёкардаи бошгоҳ ба легионерҳои даста чунин гуфт:

“То ҳадди имкон мо шароити онҳоро муҳайё кардем. Барояшон хона иҷора гирифтем ва се вақт бо хӯрок таъминашон мекунем. Вақте мо онҳоро даъват кардем, гуфтем, ки дастаи мо базаи худро надорад ва танҳо метавонем барояшон хона ба иҷора гирем.”

Ба назари коршиносони соҳаи футбол даъвати легионерҳо ба тимҳои кишвар хуб аст ва метавонад ба боло бурдани сатҳи бозии футболбозони маҳаллӣ кӯмак кунад.

Як сару гардан боло

Тоҳир Муъминов, мегӯяд, “легионер бояд як сару гардан аз бозигарони маҳаллӣ боло бошад. Агар мо легионерҳои дуюмдараҷаро даъват кунем, маъние надорад. Сатҳи бозии легионер бояд баланд бошад. Дар он сурат ӯро мешавад легионер гуфт.”

Ба ин тартиб, аз ҳашт дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дар ҳамин ҳол дар шаштоаш (ба ҷуз “Хатлон”-и Бохтар ва “Барқчӣ”-и Ҳисор) легионерҳо бозӣ мекунанд. Шаш нафар футболбози хориҷӣ дар тими “Кӯктош”, сенафарӣ дар дастаҳои “Истиқлол”, “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ”, ду нафар дар ССКА “Помир” ва як нафар дар бошгоҳи “Панҷшер” ҳастанд.

XS
SM
MD
LG