Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се писар ва се набераи раҳбари "Ҳамос" дар ҳамлаи Исроил кушта шудаанд


Пайвандон ва расонаҳои наздик ба "Ҳамос" хабар доданд, ки се писар ва се набераи Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ин гурӯҳи тундрав дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Ғазза кушта шудаанд. Исроил масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт.

Тибқи гузоришҳо, ҳамла рӯзи 10-уми апрел дар наздикии урдугоҳи оворагони "Шоти" дар шаҳри Ғазза сурат гирифта, Ҳозим, Амир ва Муҳаммад Ҳания ҳамроҳи шуморе аз аъзои хонаводаи худ ҷони худро аз даст доданд.

Ин дар ҳоле аст, ки баъзе аз манбаъҳои фаластинӣ гуфтанд, дар ин ҳамла ба камияш се набераи Исмоил Ҳания низ кушта шудаанд ва Исроил мошине, ки онҳо савори он буданд, ҳадаф қарор додааст.

Сухангӯи артиши Исроил ҳадаф қарор додани се писари Исмоил Ҳанияро тасдиқ кардааст. Ин сухангӯ гуфт, нерӯҳои ҳавоӣ ба фарзандони Ҳания, ки фармондеҳ ва узви гурӯҳи тундрави "Ҳамос"* буданд ва барои анҷоми "иқдомоти террористӣ" дар ҳаракат буданд, ҳамла карданд.

Чанд соат пеш аз ин, шабакаи исроилии "КАН" ба нақл аз як манбаи амниятӣ тасдиқ карда буд, ки се писари Исмоил Ҳания ҳадафи ҳамлаи ҳавоии Исроил қарор гирифтанд. Ин манбаъ ба кушта шудани набераҳои Ҳания дар ҳамлаи мушакӣ ба тарафи мошине, ки онҳо савори он буданд, ишора накард.

Исмоил Ҳания низ кушта шудани фарзандонашро дар як мусоҳибаи телефонӣ бо шабакаи "Ал-Ҷазира" тасдиқ ва Исроилро муттаҳам кард, ки ба "ҳеч меъёр ё қонуне эҳтиром намегузорад". Ӯ таъкид кард, ки ин ҳодиса боиси фишор ба "Ҳамос" барои нарм кардани мавзеи худ дар баробари Исроил нахоҳад шуд.

Музокирот байни "Ҳамос" ва Исроил барои расидан ба оташбас аз чанд ҳафта ба ин тараф бо миёнравии Миср ва Қатар дар ҷараён аст ва ҳанӯз маълум нест, ки кушта шудани фарзандон ва набераҳои раҳбари "Ҳамос" ба идомаи музокирот чӣ таъсире хоҳад дошт.

Исмоил Ҳания, ки солҳо раҳбари "Ҳамос" дар дохили сарзаминҳои Фаластин буд, аз замони ба даст гирифтани раҳбарии Дафтари сиёсии "Ҳамос" дар Давҳа, пойтахти Қатар зиндагӣ мекунад.

Шабакаи телевизионии "Ал-Ақсо" вобаста ба гурӯҳи "Ҳамос" рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки се фарзанд ва аъзои хонаводаи онҳо даруни як мошин буданд, ки аз сӯи паҳбоди исроилӣ ҳадаф қарор гирифтанд.

Бар асоси ин гузориш, илова бар кушта шудани се писари Исмоил Ҳания, се набераи ӯ шомили духтари Ҳозим ва писар ва духтари Амир низ ҷон бохтанд.

Исмоил Ҳания, ки 62-сола ва зодаи урдугоҳи "Шоти" аст, 13 фарзанд дорад ва пештар шуморе аз хешовандони наздикаш дар бамборонҳои Исроил дар Ғазза кушта шуданд.

Дар аввали моҳи ҷорӣ пулиси Исроил эълон кард, яке аз хоҳарони Исмоил Ҳанияро, ки шаҳрванди Исроил аст, ҳамчун "гумонбар" ба "терроризм" дар хонаааш дар як шаҳри ҷанубии Исроил боздошт кардааст.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG