Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё дар Тоҷикистон сафири нав таин кард


Тим Ҷонс, сафири феълии Бритониё дар Душанбе
Тим Ҷонс, сафири феълии Бритониё дар Душанбе

Номи сафири нави Бритониё дар Тоҷикистон эълон шуд. Сомонаи ҳукумати Бритониё 2-юми май навишт, Кэтрин Эллен Смиттон ҷойгузини Тим Ҷонс дар Душанбе мешавад.

Хонум Кэтрин Смиттон корашро дар мақоми сафири Бритониё дар Душанбе, аз моҳи октябри имсол шуруъ мекунад. Ӯ қаблан дар намояндагиҳои дипломатии Бритониё дар Покистон, Катманду ва Алҷазоир кор кардааст.

Таини сафири нав дар Тоҷикистон баъди як ҳафта сафари вазири корҳои хориҷии Бритониё ба Душанбе сурат мегирад. Дэвид Кэмерон 22-юми апрел бо раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти баландпояи Тоҷикистон мулоқот карда, ҳамчунин ба неругоҳи “Норак” рафт.

XS
SM
MD
LG