Тибқи гузориши Бунёди Атфоли Созмони Милали Муттаҳид ё худ ЮНИСЕФ, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, аз аввали соли 2025 дар канораи ғарбии руди Урдун ва Байтулмуқаддаси шарқӣ тақрибан ҳар ҳафта як кудак ба ҳалокат расидааст.
Тоҷикистон дар поёни моҳи май мизбони конфронси СММ оид ба масоили об хоҳад буд ва барои иштирок дар ин ҳамоиш дар Душанбе қарор аст коршиносон ва мақомот аз беш аз сад кишвар ҷамъ шаванд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки бо вуҷуди талошҳои онҳо барои решакан кардани коррупсия дар идораҳои давлатӣ, ин зуҳурот баръакс дар баъзе ниҳодҳо зиёд шудааст.
Си Ҷинпин президенти Чин дар оғози мулоқот бо раҳбари ИМА Доналд Трамп аз пешрафт дар музокираҳои тиҷоратӣ ситоиш кард, вале ҳушдор дод, ки ихтилофҳо бар сари Тайван метавонад ду ҷонибро ба самти хатарноке барад. Мулоқоти раҳбарони ду қудрати ҷаҳонӣ субҳи 14 май дар Пекин сурат гирифт.
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Маҳдудиятҳои афзояндаи истифодаи интернет дар Русия ҳатто тиҷоратҳои хурдро дар ин кишвар бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Маҳдуд шудани кори паёмрасонҳои маъруф ба мисли Телеграм, сахттар кардани назорат аз болои истифодаи филтршиканҳо барои соҳибкорон мушкилоти ҷиддиро ба бор овардааст.
Қарор аст, ба зудӣ Думаи давлатии Русия қонунеро ба баррасӣ бигирад, ки ба эҳтимоли зиёд ба зиндагӣ ва кори садҳо ҳазор муҳоҷир аз ҷумла, аз Осиёи Марказӣ таъсири бад мегузорад, ё зиндагии онҳову оилаҳояшонро душвор месозад.
Дар сафари давлатиии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин чӣ дар сатҳи ду давлат ва чи ширкату ниҳодҳо даҳҳо қарордоду ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳаҷми умумии онҳо 8 миллиард доллар баровард шуд.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Дар пойтахти Тоҷикистон, ки сохтмони биноҳои истиқоматӣ бо суръати баланде идома дорад, ҳунармандону меъморонро як чиз нигарон кардааст. Аз байн рафтани осори зебое, ки арзиши ҳунарӣ доранд. Он ҳам аржангҳоест, ки дар замони шӯравӣ сохта буданду намунае аз осори меъморӣ дониста мешуданд.
Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи қатли Маннон Содиқов, маъруф ба Домулло Абдуманнон, фаъоли пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи Наҳзати Исломиро ошкор карданд. Ба қавли онҳо, ҷиноят кори дасти ду нафарест, ки бо ҳадафи ғорат кардани 100 ҳазор доллар ӯро шабона аз хонааш бурда, куштаанд.
Рӯзи 12-уми май дидори роҳбарони Тоҷикистон ва Чин дар шаҳри Пекин баргузор шуд. Ҷузъиёти ин вохӯрӣ ҳанӯз нашр нашудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 11-уми май бо сафари серӯза ба Чин рафта буд ва расонаҳои ду кишвар аз имзои қарордҳои зиёд хабар доданд.
Ёфтҳои бештар