Тибқи маълумоти Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ, ки рӯзи 12 май нашр шуд, аз аввали соли 2025 дар канораи ғарбии руди Урдун ва Байтулмуқаддаси шарқии ишғолшуда, тақрибан ҳар ҳафта як кӯдак ба ҳалокат расидааст.
Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин дидори худ бо Доналд Трампро бо таъкид бар ҳамкорӣ ва мушорикат оғоз кард: "Вақте мо ҳамкорӣ мекунем, ба нафъи ҳар ду тараф аст, ва вақте рӯбарӯи ҳамдигар қарор мегирем, ҳар ду тараф зарар мебинанд".
Рӯзи якшанбеи 10-уми май гурӯҳҳои мусофирон ва маллоҳон аз як киштии сайёҳӣ, ки ба хуруҷи ҳантавирус дучор шуда буданд, ба кишварҳои худ интиқол дода шуданд. Ин раванд аз ҷониби масъулони бахши тандурустии ҷаҳонӣ назорат карда мешавад ва интизор меравад, ки то поёни 11 май ин кор ба анҷом мерасад.
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, мехоҳад «ҳаҷми ёриҳои молии Амрикоро ба сифр баробар кунад».
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико посухи Эронро дар бораи тавофуқи поёни ҷанг дарёфт кардааст, аммо Доналд Трамп гуфт, ҷавоби Теҳрон «комилан ғайри қобили қабул» аст.
Шумори русиягиҳое, ки дар ҷанги зидди Украина кушта шудаанд, то охири соли 2025 ба 352 ҳазор кас расидааст. Ин омор дар пажуҳиши муштараки расонаҳои “Медуза” ва “Медиазона” зикр шудааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа аз барқарории оташбаси серӯза миёна Русия ва Украина сар аз шанбеи 9 май, хабар дод.
Доналд Трамп, президенти Амрико гуфтааст, ки агар Эрон монеи боз кардани Тангии Ҳурмуз шавад, “аз рӯи замин нобуд хоҳад шуд”.
Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта мизбони намояндаи баландпояи Амрико буд.
Ёфтҳои бештар