Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА дар Рашт бо кишоварзону донишомӯзон мулоқот кард


Сафири Амрико дар Тоҷикистон дар оғози ҳафтаи ҷорӣ ба ноҳияҳои Рашт ва Лахш сафар намуда, бо мақомот, кишоварзон ва донишомӯзон мулоқот кардааст.

Дафтари матбуоти Сафорати Амрико гуфт, ки Мануэл Микаллер дар мулоқот бо сарони ин ноҳияҳо роҳҳои ҳамкорӣ ва имконияти рушдро мавриди баррасӣ қарор дод.

Манбаъ мегӯяд, ки ҷаноби Микаллер ҳамчунин бо намояндагони минтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вохӯрд, то аз шеваи ҳамкории наҷотбахшон бо сокинон ва мақомоти маҳаллӣ ошно шавад.

Ба гуфтаи манбаъ, Мануэл Микаллер инчунин бо донишҷӯёне, ки тавассути барномаи "English Access Microscholarship Program" дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш забони англисиро меомӯзанд, мулоқот кард.

Ӯ айни замон аз Маркази амрикоӣ дар Ғарм, ки барои ҷавонони минтақа барномаҳои ройгони таълимии ҳузурӣ ва маҷозӣ пешкаш мекунад, боздид намуд.

Сафир Микаллер бо кори кишоварзони таҳти ҳимояти USAID ва Бунёди Оғохон шинос шуда, дар деҳаи Ҷарф аз боғи этноботаникӣ ва осохонаи хусусии боғбони шинохтаи ин водӣ Мирзошоҳ Акобиров дидан кард.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва Бунёди Оқо Хон аз чандин сол ба ин тараф тарҳҳоеро дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла, бахши кишоварзӣ дар водии Рашт амалӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG