Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Репсарои эронӣ Тумоҷ Солеҳӣ ба эъдом маҳкум шуд


Томаҷ Солеҳӣ.
Томаҷ Солеҳӣ.

Додгоҳе дар Эрон репсарои маъруф Тумоҷ Солеҳиро ба эъдом маҳкум кардаааст. Дар ин бора хабаргузории "Ройтерз" рӯзи чаҳоршанбе иттилоъ дод.

Ҳукми Солеҳӣ ба ширкати ӯ дар эътирозҳои оммавии Эрон дар соли 2022 рабт дорад. Ӯ дар таронаҳо ва изҳоротҳояш аз эътирозгарон пуштибонӣ мекард.

Солеҳӣ моҳи октябри соли 2022 боздошт шуда буд. Додгоҳи олии Эрон соли 2023 вайро 6 солу 3 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Вале Додгоҳи шаҳри Исфаҳон ҳукмро бозбинӣ ва репсароро ба эъдом маҳкум кард.

Амир Раисӣ, вакили дифои Солеҳӣ бархӯрди додгоҳи шаҳриро бесобиқа номида, гуфтааст, ки аз болои ҳукм шикоят мекунанд.

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон моҳи сентябри соли 2022 ва аз марги духтари 22-сола Маҳсо Аминӣ шуруъ шуд. Ин духтари ҷавон баъди боздошташ ба гумони риоя накардани қонуни ҳиҷоб дар шароити мармуз даргузашт ва ин ҳодиса садҳо ҳазор сокини Эронро ба хашм овард.

XS
SM
MD
LG