Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Тоҷикистон ба "кайҳон". Тими Oogway Comics аз Хуҷанд ба Амрико меравад


Аъзои тими Oogway Comics аз шаҳри Хуҷанд
Аъзои тими Oogway Comics аз шаҳри Хуҷанд

Дар Тоҷикистон гурӯҳе аз ҷавонони навкору навовар барои иштирок дар маросими ҷоизасупории NASA Space омодагӣ мегирад ва аммо барои рафтан ба Амрико маблағ меҷӯяд.

Чанд ҷавони тоҷик аввали ҳамин сол тавонистаанд дар озмуни байналмилалии кайҳонӣ дар байни дастаҳон тақрибан аз дусад кишвар пирӯз шаванд. Ин ҷавонон дар гурӯҳи эҷодии худ бо номи “Oogway Comics” ба нашри қиссаҳо аз ҳаёти наврасону ҷавонон машғуланд.

Темур Шарифов, як ҷавони эҷодкор аз шимоли Тоҷикистон се сол пеш дар атрофи худ чанд ҷавони соҳибистеъдодро гирд овард ва гурӯҳи эҷодии “Oogway Comics”-ро таъсис дод. Ин ҷавонон қиссаҳои ҳаётиро тариқи комикс ба риштаи тасвир мекашанд ва ба мавзӯъҳои умдаи ҷавонону наврасон тамаркуз кардаанд. Комикс-намунаи корҳои эҷодиест, ки тавассути аксу пайнавишт хонандаву бинандаро бо қиссаву саргузаште ошно мекунад. Бештар он монанд ба филмҳои тасвирист, аммо дар шакли китоб ё маҷаллаи электронӣ таҳия мегардад.

Темур Шарипов, таъсисдиҳандаи гурӯҳи эҷодии “Oogway comics” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Ҳар як комикси мо чизеро омӯзиш медиҳад. Масалан, некӣ кардан, талқини дӯстӣ, намоиш додани мушкилоти ҷомеа ба мисли таҳқир, тарс аз баёни андеша ва масъалаҳои доғи ҷомеа, ки моро ҳамарӯза фаро гирифтааст. Ҳар як қаҳрамони қиссаи мо ҳар рӯз бо чунин мушкилот рӯбарӯ мешавад ва бо онҳо мубориза мебарад”.

Бахтовар Неъматов узви дигари гурӯҳи эҷодии “Oogway comics” аст. Ӯ гуфт: “Дар маҷмӯъ, комикс ин як падидаи нав байни ҷавонони мост. Ҳар боре мо қиссаҳои навамонро ба намоиш мегузорем, иштирокчиёни мо ҳатто бо падару модарашон меоянд ва бо таассуроти аҷиб бармегарданд. Вақте ба хонаҳояшон мераванд, қиссаҳои моро такроран хонда аз бардоштҳояшон ба мо нақл мекунанд. Ин ба мо рӯҳияи тоза мебахшад ва кӯшиш мекунем, ки бо тамоми ҳастиямон қиссаҳои навро барояшон пешкаш кунем”.

Дар ин гурӯҳи эҷодӣ 11 ҷавонони эҷодкор сарҷамъ шудаанд. Эҷодиёти онҳо бештар дар масоили иҷтимоӣ тамаркуз кардааст. Дар амалишавии лоиҳаи онҳо бештар созмонҳои байналмилалӣ ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон кӯмаки молӣ мекунад. То ҳол беш аз даҳ қиссаро дар шакли комикс омода ва тариқи барномаҳои ҳушманд ба хонандагон пешниҳод сохтаанд.

Ҷавонони тоҷик ҷоизаи НАСА-ро бурданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:47 0:00

Малика Очилова дар таҳияи қиссаҳои комиксҳои нави “Oogway comics” заҳмат мекашад. Ӯ мегӯяд:

“Дарвоқеъ ғояи навиштани қиссаҳо бо ҳар роҳу васила ва дар натиҷаи мушоҳидаи муҳит пайдо мешавад. Барои мисол, қиссаи “Дӯкони мӯъҷиза” дар кӯча пайдо шуд. Ин қисса дар бораи ҷавони таҳқиршуда аст ва мо ҳамон ҷо ҳамроҳи аъзои гурӯҳ номҳои қаҳрамонро интихоб кардем. Ман баъдан дар муддати якуним моҳ қиссаро навиштам ва комикси мо омода шуд”.

Ҳоло ин қиссаҳо дар саросари Тоҷикистон садҳо мухлис пайдо кардаанд. Яке аз онҳо Камила Мирдадоева аст. Ба Камила ин жанри ҷадид ва кори ҷавонони навъовар ба он хотир писанд омадааст, ки шакли баррасии мавзӯъҳо воқеъбинона будааст. Ӯ дар ин гурӯҳ таҷрибаомӯзӣ мекунад ва дар оянда мехоҳад комиксҳои худро бисозад.

Камила Мирдадоева худро як узви ихтиёрии ин тим меномад: “Ман дар оянда мехоҳам дар бораи ҳифзи ҷонварони бесарпаноҳ комикс бисозам. Дар кӯчаву хиёбонҳо зиёд мебинам, ки бачаҳо ва одамони калон ҳам чӣ гуна бо сагу гурбаҳо дурушт муомила мекунанд.Тариқи образофарӣ бояд гуфта шавад, ки ҷонварон низ ҷон доранд ва ба хуб зистан ҳақ доранд. Хубаш ба онҳо як паноҳгоҳ ё ҷойи нигоҳубин сохта шавад, назар ба оне, ки аз болояш бо мошин пахш карда гузаранд”.

Аъзои ин гурӯҳ соли 2023 бо ҷалби беш аз сад наврасу ҷавонон бо дастгирии сафорати Амрико дар Тоҷикистон омӯзиши семоҳаи комиксозиро фароҳам намуданд. Ба онҳо муяссар шудааст, ки як комикси дастаҷамъиро ҳам таҳия кунанд.

Мижгона Машарипова, узви гурӯҳи эҷодии “Oogway comics” мегӯяд:

“Соли гузашта мо лоиҳаи “Oogway Club”-ро доир кардем ва мақсади асосии лоиҳа аз он иборат буд, ки ҷавонони эҷодкорро сарҷамъ намуда зарфияти ҳар як нафарро бифаҳмем. Мо инро бо ҳамкории "Гӯшаҳои амрикоӣ" созмон додем ва аз нуҳ минтақаи Тоҷикистон дӯстдорони ин навъи машғулиятро гирд овардем”.

Темур Шарипов мегӯяд, дар Тоҷикистон наврасону ҷавонон ба масоили фарҳангӣ майли камтар доранд. "Мушкили асосиро ман дар муҳити хонаводагӣ мебинам, - мегӯяд ӯ. - Яъне агар наврасе хоҳад, ки ба ин самт майл пайдо кунад, падару модараш мегӯянд, ки ин як соҳаи ҷиддӣ нест ва ту бояд соҳаи иқтисодиёт ё ҳуқуқро бихонӣ, чун расмкашию эҷодиёт дар ояндаи ту нақши калон бозида наметавонад. Бо ҳамин фикр истеъдоди ҷавонон ҳам кушта мешаванд”.

Аъзои тими "Oogway Comics" дар Тоҷикистон соли гузашта, вақте дар даври ниҳоии озмуни ҷаҳонии Space Apps Challenge, ки аз сӯи созмони НАСА баргузор мешавад, иштирок карданд, ба ситораҳои воқеӣ табдил ёфтанд. Комикси "NASSY", ки аз ҷониби "Oogway comics" ҳамчун як қисми барномаи NASA Space Apps Challenge офарида шудааст, дар саросари ҷаҳон ғолиби категорияи санъат ва технология гардид.

Дар он 58 ҳазор ширкаткунанда ва 8000 даста аз 192 кишвари дунё қувваозмоӣ карданд. Ҳамакнун бояд барои иштирок дар маросими ҷоизасупорӣ ба Амрико раванд ва барои ин сарпараст ҷустуҷӯ доранд.

Темур Шарипов, таъсисдиҳандаи гурӯҳи эҷодии “Oogway comics” гуфт: “Гурӯҳи мо дар ин озмун ба шеваи сода иштирок кардан нахост. Яъне мо нахостем, ки ягон образро тариқи 3Д ё расмҳои оддӣ бисозем. Мо ба хулосае, ки омадем қиссаи як кайҳонеро тариқи комиксҳо аз ҳар зовия нишон бидиҳем. Дар он шароити зисти одамон ва муносибати одамон бо кайҳону олами табиатро нишон додем. Ҳамаи онро дар асоси илм мутобиқ карда, тариқи намоиш амалӣ сохтем ва фикр мекунам, ки тавонистем ҳадафамонро ба тамошобину ҳаводори худ расонем”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG