Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири тоҷикро баъди таҳқири дучархасаворони рус ихроҷ мекунанд


Шаҳри Челябинск.
Шаҳри Челябинск.

Ронандаи тоҷикистонӣ, ки ба таҳқири дучархасаворон дар Челябинск муттаҳам аст, барои нақзи қоидаҳои будубош аз Русия ихроҷ мешавад.

Гуфта мешавад, ин муҳоҷири тоҷик гӯё рӯзи 22 апрел ҳангоми ҳаракат бо мошин ба ду дучархасавор монеа эҷод карда, дар натиҷаи баҳс онҳоро барои тарзи либоспӯшияшон таҳқир намудааст.

Телеграм-канали "Readovka" наворҳои сабтшуда аз маҳалли ҳодисаро нашр кардааст.

Яке аз дучархасаворон варзишгари рус дар риштаи ҷудо ва самбо Ирина Алексеевна мебошад. Ӯ дар суҳбат бо саҳифаи "Meta Fight" дар Ютуб гуфтааст, тарзи либоспӯшии онҳо ронандаро ба ғазаб оварда буд ва муҳоҷир эрод гирифта, гуфтааст, "дар мо чунин либос намепӯшанд".

Ба гуфтаи Алексеева, гӯё ронада гуфтааст, "ҳамаи шумо дар инҷо хук ҳастед ва бояд шуморо пахш кард".

Муҳоҷири тоҷикро баъди шикояти варзишагри рус 23 апрел боздошт карданд. Пулис гуфтааст, бо ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки моҳи марти имсол ба хотири пайдо кардани кор ба Русия рафтааст, суҳбат анҷом додааст. Видеои узрхоҳии ӯро низ нашр карданд.

Дертар маълум шудааст, ки қайди зисти муҳоҷири тоҷик қалбакӣ мебошад. Ӯ ҷарима ва аз Русия ихроҷ мешавад.

XS
SM
MD
LG