Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон додситони кулли он кишварро танбеҳ дод


Қурманқул Зулушев ва Мелис Турғунбоев
Қурманқул Зулушев ва Мелис Турғунбоев

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов додситони кулли он кишвар Қурманқул Зулушев ва вазири захираҳои табиӣ, муҳити зист ва назорати техникӣ Мелис Турғунбоевро танбеҳ дод.

Ба иттилои маркази матбуоти президенти Қирғизистон, ин ду мақомдор "барои ба таври бояду шояд назорат накардани зердастонашон" ҷазо гирифтаанд.

Танбеҳи онҳо дар натиҷаи санҷиш аз сӯи кумисюни дастгоҳи президент эълом шудааст.

Кумисюн ошкор кардааст, ки баъзе аз кормандони мақомоти додситонӣ ба кори Кумисюни масоили иҷозатномадиҳии назди Вазорати захираҳои табиӣ дахолат кардаанд.

XS
SM
MD
LG