Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден қонуни зидди TikTok-ро имзо кард


Ҷо Байден, президенти Амрико, тарҳи қонунеро имзо кард, ки манъи дастрасӣ ба TikTok-ро дар он кишвар мадди назар дорад. Пештар аз ин, Сенат ва Палатаи намояндагони Амрико манъи фурӯши ин барномаро дар фурӯшгоҳҳои Apple ва Google тасдиқ карда буданд.

Шабакаи иҷтимоии мазкур дар сурате дастнорас хоҳад шуд, ки агар молики он - ширкати ByteDance - тиҷорати худро дар Амрико давоми нуҳ моҳи оянда ба каси дигаре нафурӯшад.

Ҷонибдорони маҳдуд кардани TikTok мегӯянд, ин шабака ба амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида хатар дорад. Ба бовари онҳо, ҳукумати Чин метавонад аз ширкати ByteDance, ки молики ТикТок аст, маълумоти шахсии корбарон аз Амрикоро талаб кунад.

Чанд манбаъ тасдиқ кардаанд, ки ByteDance бо ҳукумати Чин робита дорад ва сиёсати сензураи он кишварро риоя мекунад.

ТикТок, ки аз он наздики 170 млн амрикоӣ истифода мебаранд, гуфт, ин ширкат маълумоти корбарони амрикоиро ба ҷониби дигар надодааст ва ҳаргиз чунин дархостеро аз ҳукумати Чин нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG