Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон 7 зодаи Осиёи Миёна ба терроризм муттаҳам мешаванд


Олмон. Акс аз бойгонӣ.
Олмон. Акс аз бойгонӣ.

Додситонии федеролии Олмон зидди 7 зодаи Осиёи Марказӣ бо гумони таъсиси гурӯҳи террористӣ, иштирок дар фаъолияти он ва пуштибонӣ аз созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДИ) айб эълом кардааст.

Дар ин бора сомонаи расмии додситонӣ хабар додааст.

Хабаргузории "Газета.уз" иттилоъ дода, ки гумонбарон ҳанӯз тобистони соли гузашта дар Рейн-Вестфалияи Шимолӣ, дар ғарби Олмон боздошт шуда буданд ва то ба ҳол дар ҳабс қарор доранд.

Панҷ каси боздоштшудаҳо аз Тоҷикистон мебошанд. Ҳамроҳи онҳо як туркманистонӣ ва як қирғизистонӣ низ ҳаст. Додситонӣ гуфтааст, гумонбарон "ҳамдигарро муддати тӯлонӣ мешиносанд ва ақидаҳои ифротӣ доранд".

Онҳо баҳори соли 2022 аз Украина ба Олмон рафта, гӯё барои анҷоми ҳамла гуруҳи террористӣ ташкил кардаанд. Гумонбарон ҳангоми боздошт нақшаи дақиқи ҳамларо доштаанд ва ҳамзамон бо аъзои шохаи "Хуросон"-и "Давлати исломӣ" дар Афғонистон дар тамос будаанд.

XS
SM
MD
LG