Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ шаҳрванди Тоҷикистонро аз Чеченистон берун кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Чеченистон даҳ шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин ҷумҳурӣ рондаанд.

Телевизиони давлатии Чеченистон рӯзи 25-уми апрел гузориш дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муддати дароз бе иҷозаи иқомат ва сабти расмӣ зиндагӣ мекарданд ва ҳангоми амалиёти маъмурони милиса ошкор ва дастгир шуданд.

Дар хабари “Грозни ТВ” омадааст, ки муҳоҷирони тоҷикро, ки назарашон маълум нест, ба фурудгоҳи Внуковои Маскав фиристоданд, то аз онҷо ба зодгоҳашон ихроҷ шаванд.

Баъд аз ҳамлаи маргбор дар моҳи март ба толори консертии “Крокус” дар канори Маскав баъзе аз муҳоҷирони тоҷикро аз Русия ронданд.

Мақомоти интизомии Русия 11 шаҳрванди Тоҷикистонро дар анҷоми ин ҳамла муттаҳам кардаанд.

XS
SM
MD
LG