Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Ҷамила Маричева барои як навиштааш ба ҷонибдорӣ аз "Озодӣ"


Ҷамила Маричева
Ҷамила Маричева

Рӯзноманигор ва муаллифи тарҳи "ProTenge" Ҷамила Маричева 24-уми апрел дар шаҳри Алматои Қазоқистон дастгир шудааст.

Ба гуфтаи Маричева, кормандони пулис ӯро шоми 24-уми апрел дастгир карда, ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бостандиқи Алмато бурданд.

"Ман ба онҳо гуфтам, ки фардо бо вакили дифоъ ба шуъба рафта, бо санад ошно мешавам, вале рад карданд", - хабар додааст рӯзноманигор.

Дар шуъбаи пулис ба рӯзноманигор гуфтаанд, боздошти ӯ ба як матлаби тарҳи "ProTenge" ба ҷонибдорӣ аз бахши қазоқии Радиои Озодӣ ва даҳҳо хабарнигоре рабт дорад, ки Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ибтидои имсол аз додани парвона ба онҳо худдорӣ карда буд.

Сухангӯи пулиси Алмато Салтанат Азирбек дар суҳбати телефонӣ гуфт, хабарро дақиқ карда, дертар шарҳ медиҳад. Вале ба зангҳои баъдии хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ ҷавоб надод.

XS
SM
MD
LG