Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гурӯҳи 24" гуфт, пулиси Италия 8 узви боздоштшудаи ин созмонро раҳо кардааст


Ҳашт узви "Гурӯҳи 24" пас аз як рӯзи боздошт раҳо шуданд.
Ҳашт узви "Гурӯҳи 24" пас аз як рӯзи боздошт раҳо шуданд.

“Гурӯҳи 24” хабар дод, ки мақомоти Италия ҳашт узви боздоштшудаи ин созмони мухолифро шоми рӯзи 24-уми апрел раҳо кардааст.

Гурӯҳе аз фаъолони ин созмони мухолиф, ки барои ташкили тазоҳуроти зидди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Рим рафта буданд, рӯзи 23-юми апрел боздошт шуданд.

Ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел дар баёнияе иддао кард, ки онҳоро пулиси Рим бо дархости мақомоти тоҷик боздошт карда буд, вале пас аз як рӯзи тафтиш ҳеч “қонуншикание пайдо накарданд ва озод шуданд.”

Назари пулиси Италия ва мақомоти тоҷик ба боздошти ҳашт узви “Гурӯҳи 24” маълум нест.

Эмомалӣ Раҳмон аз 22-юми апрел бо сафари расмӣ дар ин кишвари аврупоӣ қарор дорад. Вай то ин дам бо сарвазир, президенти Италия ва раҳбари ширкати “ВиБилд”, ки сарбанди нерӯгоҳи Роғунро месозад, дидору гуфтугӯ кардааст. Байни ду кишвар ҳафт санад, аз ҷумла созишнома дар мавриди ҳамкории амниятӣ, имзо шудааст.

Баъзе аз расонаҳои Италия навиштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон 26-уми апрел ба Ватикан хоҳад рафт.

Намояндагони "Гурӯҳи 24" гуфтанд, ки дигар талоши эътироз дар ин кишварро надоранд ва имрӯз аз Италия берун мешаванд.

Баъзе аз намояндагони мухолифон рӯзи 22-юми апрел ба зидди сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Литва тазоҳурот карда, дар эъломияе аз ҳукумати Италия ва кишварҳои дигари аврупоӣ хостанд, ки аз қабули раҳбарони худкома, аз ҷумла раиси ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Италия дар баробари Олмону Лаҳистон ва кишварҳои дигари аврупоӣ макони кору паноҳандагии баъзе аз зодагони Тоҷикистон аст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекард, дар суҳбат бо ҳамтояш дар Италия рӯзи 23-юми апрел гурӯҳе аз паноҳҷӯёнро “баъзе аз ҷинояткорон” номидааст, ки ба гуфтаи ӯ “бо баҳонаи гирифтани паноҳандагӣ пинҳон гаштаанд”. "Ҳамкории муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани шахсони мазкур мусоидат намояд," -- гуфта шудааст дар хабари расмии ВКД-и Тоҷикистон.

Пулиси Италия рӯзи 8-уми апрел як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми терроризм ва узвият дар гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) дастгир кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Илҳом Сайраҳмонзодаи 32-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ аз соли 2018 "дар ҷустуҷӯ қарор дошт" ва талош доранд ба Душанбе истирдод шавад.

XS
SM
MD
LG