Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Панҷ ҳазор сомонӣ гирифт.” Боздошти муовини раиси Шаҳритус


Муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, ки ҳамзамон масъули кумисюни даъват ба артиш дар ин гӯшаи вилояти Хатлон буд, ба иттиҳоми гирифтани ришва дастгир шудааст.

Оҷонси мубориза бо фасод Комилҷон Мирзобадалзодаро ба он муттаҳам донист, ки барои халос кардани як ҷавон аз хидмати ҳарбӣ аз волидони ӯ пул гирифтааст.

Ин мансабдорро 18-уми апрели имсол дастгир кардаанд. Назари худаш ва вакили мудофеаш ба қазия маълум нест.

Дафтари матбуоти Оҷонси мубориза бо фасод рӯзи 24-уми апрел гуфт, боздошти муовини раиси Шаҳритус бар асоси шикояти сокини ҳамин ноҳия А.С. сурат гирифт.

Ин шахс (ному насабаш эълон намешавад) гуфта, ки “муовини раиси ноҳия барои аз хидмат озод кардани писари муҳоҷираш аз ӯ панҷ ҳазор сомонӣ пул талаб кард.”

“Комилҷон Мирзобадалзода баъд аз гирифтани 5000 сомонӣ дар дохили мошинааш дастгир шуд," -- хабар дод Оҷонсӣ.

Ба зидди ӯ ба иттиҳоми гирифтани ришва (қисми дуи моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодаанд. Ба ӯ ҷарима ё то ҳафт сол зиндон таҳдид мекунад.

Раиси кумисюни даъват ба артиш дар ноҳияи Шаҳритус дар рӯзҳое боздошт шудааст, ки дар Тоҷикистон маъракаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ идома дорад.

Пештар низ баъзе аз намояндагони идораҳои давлатӣ, аз ҷумла кормандони комиссариати ҳарбӣ, ба иттиҳоми фасоди молӣ дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG