Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нопадидшавӣ, куштор ва ихроҷ. "Туркия дигар паноҳгоҳи амн нест"


Самарқанд, моҳи сентябри соли 2022
Самарқанд, моҳи сентябри соли 2022

Бенишон шудани ду фаъоли мухолифони тоҷик дар Истанбул бозгӯйи он аст, ки Туркия барои паноҳҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дигар макони амн нест.

Фаъолони маданӣ мегӯянд, вазъ дар ин кишвар, ки замоне намояндагони гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ва мухолифонро бо оғӯши гарм мепазируфт, дар даҳсолаи охир тағйир кардааст. Туркия ҳоло шарики муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва солҳои охир ҳамкории бахусус сохторҳои қудратии ин кишварҳои дорои низоми худкома қавитар шудааст.

ТОҶИКИСТОН

Нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ аз кӯшиши мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки акнун барои хомӯш кардани садои мунтақидони ҳукумат ба хориҷ сафар мекунанд, афзоиш ёфтааст. Аз ин падида “саркӯби фаромиллӣ” ном мебаранд ва он бештар дар кишварҳои худкомае ба мисли Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон истифода мешавад.

Тақрибан даҳ сол пеш Туркия барои паноҳҷӯёну фаъолоне, ки маҷбур буданд кишвари худро тарк кунанд, яке аз маконҳои бехатар ба ҳисоб мерафт. Барои сафар ба ин кишвар маҳдудияте вуҷуд надошт ва хатари истирдод ба ватан ҳам бисёр кам буд. Акнун вазъ дигар шудааст.

Танҳо дар як моҳи охир ду фаъоли сиёсии тоҷик, Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов, ки дар Туркия кору зиндагӣ мекарданд, бенишон шуданд. Сӯҳроб Зафар раҳбари “Гурӯҳи 24”, як ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ва Насимҷон Шарифов узви он буд.

Нигарониҳое ҷой дорад, ки эҳтимол онҳоро ба Тоҷикистон бурдаанд. Ва, мумкин аст, дар кишвар зери фишору шиканҷа ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шаванд. Мақомоти Тоҷикистон ва Туркия то ҳанӯз дар шарҳе надодаанд.

Ҳомии ҳуқуқи инсон Стив Свердлов мегӯяд, Сӯҳроб Зафар, ки рӯзи 10-уми марти имсол дар Туркия нопадид шуд, ду ҳафта пеш аз ин ҳодиса ҳамкори гумшудаашро меҷуст. Насимҷон Шарифов аз 23-юми феврал боз бедарак аст.

Сӯҳроб Зафар
Сӯҳроб Зафар

Ба қавли Свердлов, Сӯҳроб Зафар дар ҷустуҷӯйи ҳамсафаш ба марказҳои нигаҳдории муҳоҷирон рафта, ҳамчунин, ба мақомоти Туркия муроҷиат кардааст. Дар посух ба ӯ гуфтаанд, ки дар бораи макони Насимҷон Шарифов маълумот надоранд. Қабл аз нопадид шудан, Сӯҳроб Зафар барои ёрӣ ба худи Свердлов ҳам муроҷиат кардааст.

“Гурӯҳи 24”, ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 11- уми март дар изҳороте аз нопадид шудани раҳбари худ хабар дод. Ба гуфтаи масъулони созмон, Сӯҳроб Зафар дар 10 соли зиндагӣ дар Туркия пайваста паёмҳои таҳдидомез мегирифт, ки ё кушта ва ё рабуда хоҳад шуд. Вай ҳамчунин чанд бор ва эҳтимол бо дархости Тоҷикистон аз сӯйи мақомоти Туркия боздошт, аммо сипас озод шудааст.

Насимҷон Шарифов
Насимҷон Шарифов

“Гурӯҳи 24” дар соли 2014 аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шуд. Ҳамон сол намояндагони ин гурӯҳ аз мардум даъват карда буданд, ки ба зидди низоми худкомаи президент Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Душанбе эътироз кунанд.

Пас аз он Додгоҳи олӣ Ҳизби наҳзати исломиро ҳам, ки то интихоботи соли 2015 соҳиби ду курсӣ дар порлумони Тоҷикистон буд, бо айни чунин қарор мамнуъ эълон кард. Баъзе аз намояндагони ҳизб зиндонӣ шуданд. Додгоҳ онҳоро ба ҳамдастӣ ба “ошӯб”-и моҳи сентябри 2015 гунаҳкор донист. Раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо ин иддаоро рад намуд ва беасос хонд.

То оғози ин ҳодисаҳо, дар моҳи марти соли 2015, муассиси “Гурӯҳи 24” ва соҳибкор Умаралӣ Қувватов дар Истанбул кушта шуд. Барои мухолифони ҳукумат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Туркия зиндагӣ доштанд ин давра як гардиши нав буд.

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Туркия вақтҳои охир барои ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ майли бештар нишон медиҳад ва зоҳиран дар иваз аз минтақа посухи муносиб интизор аст. Дар гузорише, ки моҳи феврали имсол созмони ҷаҳонии “Хонаи Озодӣ” ё Freedom House нашр кард, Туркия ва Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф дар масъалаи саркӯби фаромиллӣ дохил шудаанд. Се кишвари дигар Чин, Миср ва Русия ҳастанд.

ҚИРҒИЗИСТОН

Бешубҳа, кӯшиши табаддулот алайҳи раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва ҳукумати ӯ дар соли 2016 ҳамаро дигаргун кард. Ин ҳодиса ҳукумати Туркияро водор намуд, ки алайҳи шабакаи рӯҳонии муқими Амрико Фатҳуллоҳ Гулен ҷанги ҳамаҷониба эълон кунад. Анкара ин ҳампаймони пешини Эрдуғонро ба кӯшиши табаддулот гунаҳкор медонад. Худи Гулен иттиҳомҳоро рад кардааст.

Пас аз ин ҳодиса даҳҳо ҳазор нафар аз мансабу мақом ронда ва зиндонӣ шуданд. Муносибати Анкара бо кишварҳое, ки Гулен асосан тавассути шабакаи мактабҳояш иртибот дошт, дигаргун шуд.

Дар ҳоле ки ҳукуматҳои баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз қабл аз кӯшиши табаддулот кори мактабҳои вобаста ба Гуленро маҳдуд карда буданд, бисёре аз мактабу донишгоҳҳои ӯ дар Қазоқистон ва Қирғизистон ба фаъолияти худ идома медоданд.

Эрдуғон ҳангоми сафараш ба Бишкек дар соли 2018 борҳо аз он ёд овард, ки Анкара созмони Фатҳулло Гуленро “террористӣ” медонад ва ошкоро ба раисҷумҳури вақти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ҳушдор дод, ки хатари сарнагун шуданаш аз тарафи “гуленчиён” вуҷуд дорад. Дар ниҳоят, Ҷеенбеков соли 2020 аз тарафи нерӯҳои пуштибони раисиҷумҳури кунунии Қирғизистон Содир Ҷабборов бо зӯр аз қудрат канор зада шуд.

Орҳан Инанди
Орҳан Инанди

Дар замони раҳбарии Содир Ҷабборов дар моҳи июни соли 2021 маъмурони амниятии Туркия Орҳан Инанди, зодаи Туркия ва бунёдгузори шабакаи мактабҳои “Сапат” (пайрави андешаҳои Гулен)-ро дар Бишкек рабуданд. Ҳукумати Қирғизистон онро маҳкум накард. Инанди ҳангоми рабуда шудан шиносномаи қирғизӣ низ дошт. Дертар дар Анкара ба иттиҳоми “таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ” ба 21 сол зиндон маҳкум шуд.

УЗБЕКИСТОН

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Туркия бо худдорӣ аз таслими раҳбарони мухолифин Муҳаммад Солеҳ ва Абдураҳмон Пӯлот равобитро бо кишвари калонтарини минтақа – Узбекистон – дар хатар гузошт. Тошканд дар посух низоми сафари бидуни раводид ё визаро байни ду кишвар боздошт. Ин қарор дар соли 2016, пас аз марги Ислом Каримов, президенти нахустини Узбекистон ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев бекор карда шуд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

ТУРКМАНИСТОН

То чанде пеш Туркия яке аз кишварҳое буд, ки шаҳрвандони Туркманистон метавонистанд бе виза сафар кунанд. Вазъият дар соли 2022 дигар шуд. Ҳукумати Туркия бо пойфишории Ишқобод низоми бидуни раводидро бо Туркманистон аз байн бурд.

Манобеи бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи аз Туркия ронда шудани ҳазорон нафар хабар медиҳанд. Аммо баста будани давлати худкомаи Осиёи Марказӣ ҷудо кардани муҳоҷирони сиёсиро аз муҳоҷирони одӣ мушкил гардондааст. То ин дам дақиқ аст, ки Туркия ба камияш шаш фаъоли сиёсии туркманро ба Ишқобод рондааст.

Дурсолтан Таганова, як фаъоли маъруфи мухолифини туркман дар Истанбул, ҳадди ақал ду бор – дар солҳои 2020 ва 2021 – дастгир шуда, дар остонаи ихроҷ қарор дошт. Тагановаро соли 2020 бо тақозои ёздаҳ созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар озод карданд.

Ӯ дар соли 2021 ба хабарнигорон гуфт, маъмурони Хадамоти муҳоҷирати Туркия ҳушдор додаанд, ки фаъолияти сиёсиро бас накунад, вагарна будубошаш мушкил хоҳад шуд.

Дорсолтан Таганова
Дорсолтан Таганова

Сарнавишти фаъолони туркман дар Туркия меҳвари гузорише буд, ки ба Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал пешниҳод карда буданд. Гузоришро Гурӯҳи Ҳуқуқи Башар дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ ва созмони дифоъ аз Озодӣ барои Авруосиё дар Вена навиштаанд.

Муаллифони гузориш Туркияро барои фаъолони сиёсӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башари туркман “муҳити ноамн” номидаанд, ки “бо таъқиб, маҳдудиятҳои сафар, табъиз ва қонуншиканиҳои дигар” дучор мешаванд. Гузоришгарон таъкид кардаанд, ки пулиси Туркия “рӯйхати 25 муҳоҷири туркманро таҳия кардааст, ки бо дастури консулгарии Туркманистон [дар Истанбул] ихроҷ мешаванд.”

Азиз Мамедов, туркмани муқими Истанбул, соли 2021 ба фаъолиятҳои сиёсӣ пардохт. Вай мегӯяд, чандин бор таҳдид гирифт ва ҳангоми эътироз дар назди консулгарии кишвараш дар Истанбул шахси номаълум ӯро бо корд зад. Мамедов моҳи январ эълон кард, ки дигар корҳои сиёсӣ намекунад, чун онро бемаъно медонад. “Фикр кардам, ки чаро худро ба оташ андозам?” -- гуфт Мамедов.

  • Акси 16x9

    Крис Риклтон

    Рӯзноманигор Крис Риклтон дар Алмато зиндагӣ мекунад. Қабл аз шомил шуданаш ба Радиои Озодӣ, раиси Бюрои Осиёи Марказӣ дар хабаргузории "Франс Пресс" буд ва гузоришҳояш мунтазам аз ҷониби нашрияҳои бузурге чун MSN, Euronews, Yahoo News ва The Guardian бознашр мешуданд. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Сент Эндрюс дар Шотландия аст.

XS
SM
MD
LG